Президенти Тоикистон фиристодаи махсуси президенти ИМА-ро ба ҳузур пазируфт
28 апрел Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе фиристодаи махсуси президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горроро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ ва амниятро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи мувофиқаҳо дар доираи формати «C5+1» зоҳир гардида, Эмомалӣ Раҳмон аз алоқамандии Тоҷикистон ба густариши равобит бо ИМА таъкид кард.
Зикр шуд, ки ИМА аз ҷумлаи панҷ шарики асосии сармоягузории Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин замина, аҳаммияти истифодаи имкониятҳо дар доираи Созишномаи чаҳорчӯбавии савдо ва сармоягузорӣ (TIFA) таъкид гардид.
Ҳамчунин, ҷонибҳо соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориро, аз ҷумла гидроэнергетика, саноат, коркарди маъданҳо, рушди зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии иқтисод муҳокима намуда, онҳоро самтҳои ояндадори ҳамкорӣ арзёбӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ