Намунаи садоқат ва ватандӯстӣ. Меҳрнома ба муносибати зодрӯзи полковники милитсия Саидхоҷа Мирзохоҷаев

Бо камоли эҳтиром, самимият ва меҳри фарзандона Шуморо, падарҷони азиз, ба муносибати рӯзи мавлудатон ((28.04.1958) сидқан табрик ва муборакбод менамоям. Шумо ҳамчун Аълочии милитсияи Иттиҳоди Шӯравӣ, корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дорандаи ордени «Спитамен», медалҳои «Ҷасорат», «За отвагу», «Воинская доблесть», инчунин Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии СССР, дар роҳи хизмат ба Ватан, ҳифзи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон саҳми арзанда ва фаромӯшнашаванда гузоштаед.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки фаъолияти хизматии Шумо намунаи олии садоқат ба давлат, масъулиятшиносӣ, ҷасорат, матонат ва виҷдони поки касбӣ мебошад. Дар солҳои ҳассосу тақдирсози кишвар Шумо дар барқарор намудани ҳукумати конститутсионӣ, таҳкими суботу оромӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми шоиста гузошта, бо меҳнати содиқона ва иродаи қавии худ эҳтирому эътирофи ҳамкорон, ҷомеа ва наслҳои баъдиро сазовор гардидаед.

Падари азиз, барои мо – фарзандон Шумо на танҳо шахсияти соҳибобрӯ ва хизматчии шоистаи давлат, балки мактаби бузурги зиндагӣ, намунаи олии одамият, ватандӯстӣ, ростқавлӣ ва мардонагӣ ҳастед. Маҳз бо дуои нек, дастгирӣ, тарбияи падарона ва роҳнамоии хирадмандонаи Шумо мо тавонистем ба дастовардҳои назарраси зиндагӣ ва муваффақиятҳои корӣ ноил гардем.

Саҳми Шумо дар таълиму тарбияи фарзандон, ташаккули ҷаҳонбинӣ, одоби инсонӣ ва эҳсоси масъулиятшиносии мо басо бузург аст. Ҳар як сухан, ҳар як насиҳат ва ҳар як амали Шумо барои мо дарси ибрат, мояи шараф ва масъулият мебошад.
Дар ин рӯзи муборак ба Шумо саломатии бардавом, умри дароз, саодати хонаводагӣ, хотири ҷамъ, неруи тоза, рӯзгори пурфайз ва эҳтироми ҳамешагии фарзандону наберагонро орзу менамоям.

Бигзор ҳамеша сарбаланду тансиҳат, хушбахт ва дар ҳалқаи меҳру муҳаббати аҳли оила бошед. Номи нек, хизматҳои шоиста ва корномаи ибратбахши Шумо барои мо ҳамеша мояи ифтихор аст.

Бо эҳтироми амиқ ва меҳри фарзандона,
Сиёвуш Мирзохоҷаев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *