Дар Тоҷикистон мушкили гузариш ба таҳсилоти 12-соларо гуфтанд

Дар як мизи гирд оид ба гузариш ба низоми нави таҳсил муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Равшан Каримзода гуфт, ки мушкили асосии ҷорӣ кардани он норасоии ҷой дар мактабҳо мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҷумҳурӣ тақрибан 250 ҳазор кӯдаки шашсола ҳастанд, дар ҳоле ки муассисаҳои таълимӣ метавонанд танҳо тақрибан 66 ҳазор нафарро қабул кунанд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 184 ҳазору 640 кӯдак (ё 73,7 фоиз) метавонанд бо камбуди ҷой рӯбарӯ шаванд. Яъне мактабҳо танҳо барои тақрибан 26 фоизи кӯдакони шашсола ҷой доранд.

Каримзода таъкид кард, ки гузариш ба низоми 12-сола бояд марҳила ба марҳила амалӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, барои ин омодасозии омӯзгорон, бозомӯзии кадрҳо, таъмин бо китобҳои дарсӣ, навсозии барномаҳо ва стандартҳои таълимӣ, зиёд кардани синфхонаҳо ва беҳтар кардани инфрасохтори мактабҳо зарур аст.

Дар навбати худ муовини раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ гуфт, ки гузариш ба таҳсилоти 12-сола барои мутобиқ шудани низоми маорифи кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз соли 1992, дар асоси эъломияи Шӯрои Аврупо, тақрибан 150 кишвар ин низомро дастгирӣ карда буданд ва имрӯз он дар зиёда аз 180 давлат амал мекунад.

«Таҳсил бояд аз шашсолагӣ оғоз шавад ва ҳамзамон сарборӣ ба хонандагон ва омӯзгорон бояд кам карда шавад», – гуфт ӯ.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф ва фарҳанг Барно Саидвализода таъкид кард, ки низоми нав барои онҳое, ки мехоҳанд таҳсилашонро дар хориҷ идома диҳанд, имкониятҳои бештар фароҳам меорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар бисёр кишварҳо кӯдакон таҳсилро дар синни 5 то 7-солагӣ оғоз мекунанд ва дар 25 давлат ҳатто низоми 13-солаи таҳсил амал мекунад.

Қаблан хабар дода мешуд, ки Вазорати маориф ва илм ният дорад низоми таҳсилоти 12-соларо то соли таҳсили 2029-2030 ҷорӣ кунад. Тибқи нақша, кӯдакон ба синфи якум аз синни шашсолагӣ қабул мешаванд ва таҳсилоти ҳатмӣ то синфи 10-ум идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *