Имзои 5 созишномаи нави ҳамкорӣ байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Ӯзбекистон 

Дар доираи Форуми III-юми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ донишгоҳи Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Созишномаҳо бо Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд, Донишгоҳи давлатии техникии Фарғона, Донишкадаи давлатии техникии Андиҷон, Донишгоҳи давлатии Тирмиз ва Донишгоҳи технологии кӯҳӣ-металлургии Навоӣ ба имзо расида, барои густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, табодули таҷриба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак замина фароҳам меоранд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми III-юм рӯзҳои 12–14 марти соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илм дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид. Дар он ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва зиёда аз 60 нафар ректорону проректорони донишгоҳу донишкадаҳои Ӯзбекистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар мавзуи «Самтҳои ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун омили рушди устувори иқтидори илмӣ-таълимӣ» баромад намуд. Ӯ таъкид кард, ки соҳаи маориф ба яке аз захираҳои муҳими стратегии ҳар як давлат табдил ёфта, омили муҳими рушд ва рақобатпазирии кишварҳо дар ҷаҳони муосир мебошад.

Ҳамчунин қайд гардид, ки сиёсати созанда ва дурбинонаи сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои таҳкими робитаҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар анҷоми баромад таъкид шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат намуда, ҳамчун такони муҳим барои рушди иқтидори зеҳнӣ ва илмии кишвар ва минтақа хизмат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *