Маъракаи ниҳолшинонӣ дар Ёвон

Дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ ва аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Ин иқдом ба хотири хуррамгардонии муҳити зист ва беҳтар кардани ҳолати экологӣ гузаронида шуд.

Чорабинии мавриди назар бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи миҳити зист дар вилояти Хатлон дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 ва нақшаи амалӣ кардани он барои солҳои 2025–2027 гузаронида шудааст.

Қурбоналӣ Собирзода, сардори идораи мавриди назар дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки дар доираи чорабинӣ 400 дарахти ҳамешасабз шинонида шуд, ки барои афзоиши майдонҳои сабз ва ободонии муҳити зист мусоид аст. Ӯ мегӯяд, ҳамчунин дар ин рӯз, аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *