Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои Душанбе

Дар остонаи таҷлили Иди Рамазон, мақомоти шаҳри Душанбе ба роҳбарони бозорҳо ва марказҳои бузурги савдои пойтахт ҳушдор додаанд, ки аз боло бурдани беасоси нархи маҳсулот пешгирӣ намоянд.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 15 март мақомоти милитсияи Душанбе бо роҳбарони бозорҳо ва марказҳои калони савдо мулоқот намуда, масъалаи нигоҳ доштани мувозинати нархҳо дар арафаи Идро баррасӣ кардааст.

Мақомот бо таваҷҷуҳ ба зиёд шудани теъдоди харидорон дар ин давра таъкид намудаанд, ки масъулон бояд аз баланд бардоштани нархи маҳсулот худдорӣ карда, ба таъмини тартибот, хидматрасонии босифат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ва насби камераҳои мушоҳидавӣ дар бозору марказҳои савдо баррасӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ин тадбирҳо ба хотири таъмини тартибот ва пешгирӣ аз болоравии сунъии нархҳо дар рӯзҳои пеш аз Иди Рамазон роҳандозӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *