Пас аз 30 сол ба деҳаи Бӯстон оби нӯшокӣ расид

15 марти соли равон барои сокинони деҳаи Бӯстони шаҳри Панҷакент рӯзи фаромӯшнашаванда аст. Дар ин рӯз бо татбиқи лоиҳаи «Таъмини оби нӯшокии Марғедар-1 ва Бӯстон» ба деҳа оби нӯшокӣ расид ва орзуи чандинсолаи сокинон амалӣ гардид.

Лоиҳаи мазкур соли 2021 дар соҳили дарёи Зарафшон оғоз ёфта, марҳилаи аввали он соли 2022 амалӣ гардид. Дар ифтитоҳи он раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода иштирок намуда, бо ташаббускорони лоиҳа мулоқот анҷом дод. Дар ҳамон вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи ташаббускорон Кароматулло Очилдиев насосро фаъол карда, об фавворазанон баромад.

Дар марҳилаи аввал ба масофаи тақрибан 1 километр хатти барқ кашида шуда, трансформатор ва насос насб гардид. Насоси насбшуда имконият дорад обро ба баландии 160 метр бардорад. Тибқи иттилои ташаббускори лоиҳа, чоҳи мазкур дар як сония то 17 литр об медиҳад, ки дар сурати истифодаи сарфакорона метавонад талаботи сокинони деҳаҳои Марғедар-1 ва Бӯстонро таъмин намояд. Қисми зиёди хароҷоти ин марҳила аз ҷониби худи сокинон пардохт шудааст.

Марҳилаи дуюми лоиҳа соли 2023 оғоз ёфта, дар доираи он ҳавзи 240-тоннагӣ сохта шуда, қубурҳои иловагӣ ба масофаи зиёда аз 4 километр то деҳаи Бӯстон хобонида шуданд. Ҳамчунин, насос ва трансформатори иловагӣ харидорӣ гардид. Ҳарчанд татбиқи марҳилаи дуюм бо сабаби мушкилоти молиявӣ каме тӯл кашид, вале ниҳоят бо дастгирии сокинон ва ташаббускорон ҳамаи мушкилиҳо бартараф гардида, об ба деҳа расонида шуд.

Сокинони деҳаи Бӯстон аз амалӣ шудани ин иқдоми муҳим изҳори хушнудӣ намуда, ба раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода барои дастгирӣ миннатдорӣ баён мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, дар баробари масъалаи оби нӯшокӣ, бо ташаббуси раиси шаҳр барои бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ қитъаи замин ба масоҳати 6000 метри мураббаъ ҷудо гардидааст.

Инчунин, аҳли деҳа ба ташаббускори асосии лоиҳа Кароматулло Очилдиев ва фаъолони деҳа Фатҳулло Иброҳимов, Алишо Раззоқов, Абдусамад Ҳақбердиев ва дигар шахсоне, ки барои татбиқи ин иқдоми муҳим саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоянд.

Ба гуфтаи сокинон, расидани оби нӯшокӣ ба деҳа дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди рамзӣ буда, барои аҳолии деҳа туҳфаи арзишманд маҳсуб меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *