ДМТ ва донишгоҳҳои Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ имзо карданд
Миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Созишномаҳо 13 марти соли 2026 дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти унвони «Маорифи олӣ ва илми Тоҷикистон ва Узбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» дар Донишгоҳи миллӣ имзо шуданд.





Ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи роҳбарони ду кишвар – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев рушди илму маориф ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Ин вохӯрии сеюми ректорон барои густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори дохилӣ ва байналмилалӣ заминаи муҳайё мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ