Суғд пешсафи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон

Дар моҳи январи соли ҷорӣ қариб 70 дарсади маҳсулоти саноатии кишвар дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.

Дар сохтори умумии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ҳиссаи дигар минтақаҳо чунин аст: вилояти Хатлон – 17%, шаҳри Душанбе – 9%, Ноҳияҳои тобеи марказ – 6,6% ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 0,3%.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 507,87 сомонӣ рост меояд.

Агар ин нишондиҳанда дар доираи минтақаҳо таҳлил шавад, вилояти Суғд бо 1206 сомонӣ ба ҳар сари аҳолӣ пешсаф мебошад. Дар ҳамин ҳол, ин нишондиҳанда дар шаҳри Душанбе 379,82 сомонӣ, дар вилояти Хатлон 239,78 сомонӣ, дар Ноҳияҳои тобеи марказ 156,01 сомонӣ ва дар ВМКБ 67 сомонию 37 дирам-ро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *