Дар Тоҷикистон Маркази ҳуши маснуӣ ва ТИК таъсис меёбад

Дар шаҳри Душанбе ба зудӣ сохтмони бинои ду маркази муҳими илмӣ – Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) ва Маркази ҳуши маснуӣ оғоз хоҳад ёфт. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, қарори марбута дар мавриди сохтмони марказҳо аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қабул шудааст. Лоиҳа дар ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад.

«Онҳо рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меоянд ва расман сохтмони бинои марказро оғоз мекунем», – зикр кард Қобилҷон Хушвахтзода.

Марказҳои нав дар як бинои муосир ҷойгир хоҳанд шуд. Ҳамзамон, дар наздикии он хобгоҳ барои 143 донишҷӯ сохта мешавад.

Ташкили чунин марказҳо барои рушди соҳаҳои рақамӣ, илмҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуши маснуӣ ва ТИК заминаи устувор фароҳам меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *