Қурби сомонӣ дар муқоиса бо доллар устувортар шуд – 9,4%
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 1 август изҳор дошт, ки қурби сомонӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 нисбат ба доллар 9,4 фоиз устувор боқӣ мондааст.
Ба гуфтаи раиси БМТ, сабабҳои асосии устувор шудани қурби сомонӣ инҳоянд:
– афзоиши воридоти асъор ба кишвар,
– афзоиши интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ аз хориҷ,
– тавозуни мусбати савдо,
– сиёсати пулию қарзии устувори Бонки миллӣ.
Твъкид шуд, ки бо назардошти вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон тағйир ёфтанд. Аз ҷумла, қурби рубли Русия 22,8 фоиз, рубли Беларус 14,6 фоиз, тангаи Қазоқистон 0,6 фоиз, суми Узбекистон 2,1 фоиз, юани Чин 0,4 фоиз устувор гардида, лираи Туркия 12,6 фоиз ва соми Қирғизистон 0,5 фоиз нисбат ба доллар коҳиш ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ