Нашри китоб аз корномаи Аҳмадшоҳ Масъуд

Китоби “Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз”, ки дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд навишта шудааст, ба забони тоҷикӣ нашр шуд. Ин асар, ки ба қалами муаллифони рус Александр Ляховский ва Вячеслав Некрасов тааллуқ дорад, аз сӯи Амирҷон Нурзода, номзади илмҳои таърих ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик онро бо теъдоди 500 нусха чоп кардааст.

Китоби тозанашр дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон навишта шуда, ҷанбаҳои гуногуни зиндагии ӯро дар бар мегирад.

“Сарбоз: Муборизаҳои Аҳмадшоҳ Масъуд бар зидди неруҳои шуравӣ ва баъдан муқовиматаш бо Толибон. Сиёсатмадор: Нақши ӯ дар таҳаввулоти сиёсии Афғонистон дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI. Шаҳрванд: Талошҳои Қаҳрамони миллии Афғонистон дар роҳи озодии мардуми худ, ки барои онҳо ҷонашро нисор кард”,- мазмуни китобро Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик чунин шарҳ додааст.

Ба гуфтаи ин муассиса, муаллифон дар китоби “Шаҳрванд, сиёсатмадор, сарбоз” бо такя ба маводи нодири бойгонӣ ва хотироти ҳамсангарону мухолифони Аҳмадшоҳ Масъуд симои воқеии ин фармондеҳи таърихиро тасвир кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *