барқ

Дар як қатор кӯчаҳои ноҳияи Сино қувваи барқ муваққатан қатъ мешавад

Имрӯз, 12 январ, бинобар анҷом додани корҳои таъмирию профилактикӣ дар хатҳои баландшиддати 10 кВ дар зеристгоҳҳои барқии «Саноатӣ» ва «Заводӣ», қувваи барқ дар қисме аз кӯчаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муваққатан қатъ мегардад.

Тибқи иттилои ФҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе, аз соати 08:00 то 17:00 дар кӯчаҳои Р. Набиев, Ҷ. Расулов, А. Ҷомӣ, Маяковский, Хуҷандӣ, Фурӯзон, Чортут, Мовароуннаҳр ва баъзе минтақаҳои дигар интиқоли нерӯи барқ маҳдуд карда мешавад.

Таъкид мешавад, ки вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ, дар баъзе мавридҳо қувваи барқ метавонад пеш аз муҳлати зикршуда барқарор карда шавад.

Аз сокинон хоҳиш карда шудааст, ки ин маҳдудиятро бо дарки зарурати корҳои техникӣ қабул кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *