Танӯраи Фирдавсӣ дар Уторид

Боз кадоме аз тоҷикон дар Кайҳон маъво доранд?

Оё медонед, ки яке аз танӯраҳои сайёраи Уторид ба номи шоири бузурги форсу тоҷик, муаллифи “Шоҳнома”-и безавол Абулқосим Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст? Агар не, матлаби зерро мутолиа кунед.

Шарти номгузории ҷирмҳои кайҳонӣ

Имсол, ки дар кишвар бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад ва ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ китоби дуҷилдаи “Шоҳнома” туҳфа шуда истодааст, мехоҳам як далели ҷолибро нақл кунам. Яъне дар бораи танӯраи Фирдавсӣ дар сайёраи Уторид маълумот диҳам, ки дар фазои тоҷикӣ бори аввал ин иттилоот нашр мегардад.

Уторид (баъзан бо иштибоҳ Аторуд меноманд), ки дар таъриху адабиёти мо бо номи Тир ё Дабири фалак машҳур аст, сайёраи наздиктарин ба Офтоб буда, дар атрофи Офтоб дар 88 шабонарӯз як маротиба давр мезанад.

Номгузории ҷирмҳои кайҳонӣ ва объектҳои сатҳи сайёраву моҳвораҳо бахше аз сиёсати умумии номгузории Иттиҳоди байналмилалии астрономон (IAU) мебошад. Дар солҳои 1970-ум IAU низомҳои қатъӣ таҳия кард, то номҳои географии нав натанҳо ба осонӣ талаффуз карда шуда, нодир бошанд, балки аз шахсиятҳои фарҳангӣ илҳом гирифта шавад. Дар аввал, IAU тасмим дошт объектҳои сатҳи Уторидро ба номи парандагон ё шаҳрҳо номгузорӣ кунад, аммо тавсияи ситорашиноси машҳури амрикоӣ Карл Саган дар соли 1975 боис шуд, ки рӯйхат ба шоирон ва нависандагон иваз шавад: минбаъд ба рӯйхат номи мусиқишиносон, рассомон ва дигар ҳунармандон илова гардид. Илова ба ин, шахсе, ки ба шарафи ӯ ном дода мешавад, бояд ҳадди ақал тӯли 50 сол машҳур ва беш аз се сол пеш аз номгузорӣ аз дунё даргузашта бошад, инчунин номи вай набояд бо сиёсат, ҷанг ё дин иртибот дошта бошад.

Ҳамаи ин қоидаҳо ба ҳадафи таҷассум кардани мероси фарҳангии инсон дар осмон хидмат мекунанд ва боиси он шудаанд, ки дар рӯйи ин сайёраи хурд танӯраҳои зиёде ба шарафи шоирони форсу тоҷик низ номгузорӣ шаванд.

Танӯраи Фирдавсӣ

Танӯраи Фирдавсӣ дар квадранги Дерен, дар 4.62° арзи шимолӣ ва 295.83° тӯли ғарбӣ ҷойгир буда, қутри он 98 км аст ва 3-юми марти соли 2010 ин ном расман тасдиқ шуд. Номи танӯра ба шарафи Ҳаким Фирдавсӣ, муаллифи «Шоҳнома» гузошта шудааст. Номгузории ин танӯра ва умуман объектҳои квадранти Дерен баъди он имконпазир гашт, ки пойгоҳи худкори байнисайёравии амрикоии «Мессенҷер» (MErcury Surface, Space ENvironment, GEochemistry and Ranging – MESSENGER) аз 18-уми марти соли 2011 то 30-юми апрели соли 2015 сатҳи Уторидро омӯхта, зиёда аз 277 ҳазор акс гирифт. Аз ҷумла, 14-уми августи соли 2011 акси рангаи танӯраи мазкур низ гирифта шуд. 27-уми августи соли 2012 дастгоҳҳои аксбардории «Мессенҷер» танӯраи Фиравсиро ба таври амиқ ва бо саҳеҳияти баланд аксбардорӣ намуданд, ки дар тасвир ҳар як пиксел 200 метрро фаро мегирифт.

Танӯраи Фирдавсӣ дар наздикии хати истивои Уторид қарор дошта, танӯрае ба ҳисоб меравад, ки умқи он ҳамвор аст. Олимон ҳадс мезананд, ки шояд ин танӯра бо моддаи вулқоние, ки партофта шуда буд, гашта пур шудааст. Дар дохил ва атрофи танӯра танӯраҳои зиёди хурд ҷойгиранд, ки дертар пайдо шудаанд.

Як чизи ҷолиб он аст, ки ба фарқ аз дигар шоирону бузургон, дар сомонаи расмии Иттиҳоди байналмилалии астрономон Фирдавсӣ ҳамчун шоири тоҷик ва форс нишон дода шудааст. Хушбахтона, моҳи июни соли 2021 ба зиёрати марқади Ҳаким Фирдавсӣ дар шаҳри Тӯс созовор гардидам, ки дар зиндагии ман яке аз лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва таърихӣ буд.

Танӯраҳои бузургони дигари форсу тоҷик дар Уторид

Ба ҷуз Фирдавсӣ дар сатҳи Уторид ба хотири Рӯдакӣ, Румӣ, Саноӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Низомӣ, Маҳастии Хуҷандӣ ва Навоӣ (ҳарчанд тоҷик нест, вале шоири форсигӯст) танӯраҳо номгузорӣ шудаанд, ки дар бораи онҳо дар оянда мақолаҳои алоҳида навишта, дар расонаҳо нашр хоҳам кард.

Намирам аз ин пас…

Худи Фирдавсии бузург гуфта буд:

Биноҳои обод гарданд хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохи баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам!

Таърих нишон дод, ки номи Фирдавсӣ на танҳо дар рӯи Замину дар қалби миллионҳо нафар зинда монд, балки дар кайҳони беканор низ маъво гирифт. Мо ворисони ин абармарди таърих бояд номи ӯро гиромӣ дорем, осорашро хонем ва кӯшиш намоем, ки панду роҳнамоиҳояшро дар зиндагӣ амалӣ созем.

Ризои БАҲРОМЗОД,

астрофизик

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *