Даргузашти чаҳорумин табиби суғдӣ дар ҳафтаи охир

Табибиби панҷакентӣ Зайниддин Одинаев, рӯзи 6 ноябр аз олам чашм пӯшид. Зайниддин Одинаев табиби равоншинос буд ва солҳои тӯлонӣ дар беморхонаҳои бемориҳои рӯҳии Панҷакент аз духтури оддӣ то сардухтур ифои вазифа кардааст. Дар бораи иллати марги ӯ чизе гуфта нашудааст.

Дар ин ҳафта Зайниддин Одинаев инак дастикам чорумин табиб дар вилояти Суғд аст, ки ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Тӯтинисо Рустамқулова, корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд рӯзи 1 ноябр ва Исматулло Ибодуллоев, мудири шуъбаи андрологияи Бемористони ҷумҳуриявии физиотерапевтии шаҳри Хуҷанд, шоми 3 ноябр дар синни 60 аз олам чашм пӯшиданд. Рӯзи 4 ноябр Садриддин Раҳимов, мудири шӯъбаи ҷарроҳии калонсолони беморхонаи вилоятӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон вафот кард. Садриддин Раҳимов аз ҷумлаи табибоне буд, ки аз ибтидо дар хатти аввали ҷабҳаи мубориза бо коронавирус қарор дошт ва садҳо нафарро аз коми ин вабо наҷот додааст. Ӯ як моҳ пеш аз бемории коронавирус раҳид, вале рӯзи 4 ноябр бар асари сактаи мағзӣ дар синни ҳамагӣ 55 ҷон дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *