Даргузашти иштирокчии ҶБВ Раҷаб Исмонови 100-сола

Дар шаҳри Ҳисор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҷаб Исмонов дар синни 100-солагӣ аз олам гузашт. Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Ҳисор хабар додаанд.

Раҷаб Исмонов 5 октябри соли 1926 дар деҳаи Ҳаёти Нави шаҳри Ҳисор ба дунё омада, соли 1944, дар синни 18-солагӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ пайвастааст.

Ӯ дар ҷараёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар муҳорибаҳо барои озодсозии Украина ва Лаҳистон ширкат варзида, Рӯзи Ғалабаро дар Берлин пешвоз гирифтааст.

Баъди анҷоми ҷанг ба Ватан баргашта, беш аз 25 сол дар хоҷагии “50-солагии Октябр” дар Ҳисор ба ҳайси бригадир фаъолият доштааст.

Номбурда барои хизматҳои шоён бо ордену медал ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *