Суди Швейтсария парвандаи Гулнора Каримоваро қатъ кард
28 апрел Суди федералии ҷиноии Швейтсария парвандаро нисбат ба Гулнора Каримова қатъ намуд. Ба иттилои портали Радио ва телевизиони Швейтсария (SRF), яке аз сабабҳои асосии ин қарор ба анҷом расидани муҳлати даъво будааст.
Ҳамзамон, суд идомаи мурофиаҳоро бинобар ҳозир набудани муттаҳам дар ҷаласаҳо ғайриимкон донист. Адвокати ӯ Грегуар Манжа изҳор доштааст, ки мақомоти Ӯзбекистон ба Каримова иҷозаи тарки кишварро надодаанд ва аз ин сабаб ӯ натавонист дар мурофиаҳо ширкат кунад.
Бо вуҷуди қатъи парванда дар Швейтсария, Гулнора Каримова аз ҷавобгарӣ раҳо намешавад. Ӯ аз соли 2014 дар ҳабс қарор дошта, соли 2015 барои дуздӣ ва тамаъҷӯӣ гунаҳкор дониста шуда, ба панҷ соли зиндон маҳкум гардид. Баъдан нисбаташ иттиҳомҳои нав эълон шуда, соли 2019 ба колонияи низоми умумӣ фиристода шуд. Тибқи маълумот, ӯ на пештар аз соли 2028 ба озодӣ мебарояд.
Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Каримова ва шарикони тиҷоратиаш дар Швейтсария ҳанӯз соли 2012 оғоз гардида буд. Ӯро ба фасод, иштирок дар гурӯҳи ҷиноятӣ ва қонунигардонии маблағҳо айбдор мекарданд. Аммо номи ҳамдастони эҳтимолии ӯ аз Ӯзбекистон ҳеҷ гоҳ расман ошкор нашудааст.
Ба иттилои додситонии Швейтсария, Каримова низоми маъруф ба “Офис”-ро ташкил карда, тавассути он ширкатҳои телекоммуникатсионӣ барои фаъолият дар Ӯзбекистон ришва пардохт мекарданд. Дар доираи ин парванда соли 2015 як корманди собиқи бонки хусусии Lombard Odier низ ба тафтишот ҷалб гардид. Ӯро айбдор карданд, ки дар солҳои 2008–2012 ба пинҳон кардани манбаи маблағҳои марбут ба ин низом мусоидат намудааст.
Моҳи ноябри соли 2024 додситонии Швейтсария нисбат ба ҳамин бонк ва корманди собиқи он иттиҳом эълон карда, изҳор дошт, ки онҳо дар пинҳон кардани даромадҳои фаъолияти ҷиноятии “Офис” нақши калидӣ доштаанд.
Қаблан, моҳи августи соли 2022 миёни Вазорати адлияи Ӯзбекистон ва мақомоти Швейтсария созишнома оид ба баргардонидани дороиҳои Каримова ба маблағи 131 миллион доллар ба имзо расида буд. Инчунин, моҳи феврали соли 2025 эълон гардид, ки Швейтсария ба Ӯзбекистон 182 миллион доллар бармегардонад, ки аз ҷониби баъзе шаҳрвандони ин кишвар ғайриқонунӣ ба даст оварда шуда, соли 2012 мусодира гардида буданд.
Коршиносон парвандаи Каримоваро барои ҳуқуқшиносии аврупоӣ ғайриодӣ арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, бо сабабҳои маълум номи мансабдорони баландпоя, ки эҳтимолан аз ин низом фоида ба даст овардаанд, пинҳон дошта мешавад, дар ҳоле ки масъулияти асосӣ ба дӯши худи Каримова вогузор гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ