Даргузашти Усмон Солеҳ

Журналист Усмон Солеҳ, ки солҳои охир ба ҳайси сухангӯи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон фаъолият дошт, рӯзи 10-уми июн бар асари сактаи мағзӣ даргузаштааст. Усмон Солеҳ  61 сола буд.Маросими видоъ бо Усмон Солеҳ субҳи имрӯз дар манзилаш, дар кӯчаи Туниси пойтахт баргузор мешавад. Баъдан ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат дафн хоҳанд кард. Усмон Солеҳ чанд соли охир сухангӯи ҲХДТ буд ва аз камтарин мақомдори ҳизби ҳоким буд, ки аз мавқеи ҳизб дар расонаҳо ҳимоят мекард. Қабл аз ин, вай ҳафтаномаи «Минбари халқ» ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *