Дастгиршавии дуздони ниқобпӯш

Се нафари ниқобпӯш шаби 26 апрел ба як манзил дар ноҳияи Шаҳритӯс ҳамла карда, бо таҳдиди куштани духтар ва писарчаи хурдсоли соҳибхона як сандуқи оҳанин бо пулу ҳуҷҷатҳои ин хонаводаро ба яғмо бурданд. Се нафар ҳамчун гумонбар дастгир шудаанд.

Роҳзанҳои ниқобпӯш, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои аввали баъди ҷанг мардумро дар Тоҷикистон зиёд азият медоданд, зоҳиран аз наав пайдо шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки се сокини ҷавони ноҳияи Шаҳритӯсро, ки ҳамагӣ аз 21 то 29 сол доранд, ҳамчун гумонбар дар анҷоми чунин як ҳамлаи раҳзанона дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши вазорати дохила, се нафари ниқобпӯш шаби 26 апрел, соати тахминан 23:50 вориди манзили як сокини 46-солаи ин ноҳия шудаанд. Роҳзанон бо корде, ки дар даст доштанд духтари 20-сола ва писари 10-солаи соҳибхонаро «таҳдиди куштан намуда, аз он ҷо як адад сандуқи оҳанин (сейф)-ро, ки дар дохилаш 31 ҳазору 500-сомонӣ ва ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматӣ, шиноснома, билети ҳарбӣ ва шаҳодатномаи фарзандонаш буданд, ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса, ба самти номаълум ғайб задаанд.

Ба кормандони милиса муяссар шудааст, ки алакай рӯзе баъд се гумонбарро дастгир кунад. Дар сурати собит шудани ширкати онҳо дар ин ҳамла ба ин се сокини ҷавони Шаҳритӯс бар асоси моддаи 249-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (роҳзанӣ) аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *