Туркмандухтар низ худро ба дарё партофт

Дар ноҳияи Орифияи Туркия, наздикии шаҳри Истамбул духтаре аз Туркманистон худро аз болои пул ба дарё андохта, мехост худкушӣ кунад. Бино ба хабари расонаҳои Туркия, ин ҳодиса шаби 25 апрел рух дода, мушкилоти хонаводагӣ сабаб шудааст, то духтари туркман Д. М. қасди худкушӣ кунад.

Моҳигирҳои маҳаллӣ духтарро дар болои пул дида, зуд ба пулис ва ёрии таъҷилӣ занг задаанд. Вале ӯ бо вуҷуди талоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва табибон барои пешгирӣ аз вуқуи ҳодиса худро ба дарё партофт. Дар натиҷа кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия духтарро наҷот доданд ва феълан дар беморхона бистарӣ аст.

Тавре масъулини беморхона хабар додаанд, вазъи саломатии шаҳрванди Туркманистон мӯътадил буда, пулиси Орифия санҷиши ҳодисаро оғоз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *