Дидори вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ бо раисҷумҳури федеролии Олмон
11 феврал дар шаҳри Берлин дар ҳошияи нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» дидори вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақа бо раисҷумҳури федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор гардид.
Дар мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҷонибҳо аз раванди густариши равобити гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид намуданд.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ