Прокуратураи генералӣ алайҳи «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» парванда кушод

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи се ширкате, ки ба интиқоли шаҳрвандони кишвар барои кор ба Арабистони Cаудӣ машғул буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ба гуфтаи масъулини Додситонии кулл, ин ширкатҳо шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ интиқол дода, дар мавридҳое онҳоро ба корҳои маҷбурӣ ҷалб кардаанд. Аз дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  гуфтанд, ки феълан парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати масъулини ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» боз шуда, тафтишот идома дорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, ин ширкатҳо дар соли 2016 ва нимаи аввали соли ҷори ҳадди чандин тан, аз ҷумла ду занро ба Арабистони Саудӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар намуда, дар он ҷо дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони араб берун аз бандҳои дар шартнома дарҷгардида ба корҳои маҷбурӣ ҷалб карда, музди маошашонро пардохт накардаанд.

Манбаъ мегӯяд, «феълан парвандаи ҷиноятӣ барои хариду фурӯши одамон, бо мақсади сӯиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ аз ҷониби кормандони ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» бо моддаи 130, қисми 2, бандҳои «г» ва «ё»-и Кодекси ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.»

Додситонии кулл дар ҳоле аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати се ширкати ба кортаъминкунӣ хабар медиҳад, ки дар ду моҳи гузашта ҳадди аққал ду зани тоҷик дар бораи таҷрибаи талхи худ ба ҳангоми кор дар Арабистони Саудӣ,  шикоят кардаанд.

Шикваи онҳо аз поймол шудани ҳуқуқ, соати тӯлонии кор ва ҳаққи ками заҳмат ва гоҳо латукӯбу хушунат диданашон буд. Ин занҳо қаблан гуфта буданд, ки шароити кории онҳо дар манзили шаҳрвандони Арабистон хеле вазнин буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *