Донишҷӯдухтари 19-сола дар садама ба ҳалокат расид! Ронанда сархуш будааст (аудио)

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз садамаи марговаре хабар дод.

— Шоми 10-уми июни соли равон тахминан соати 20:57 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», рақами қайди давлатиаш 6454АА04, Салимшоев Баҳром Салимшоевич, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Н. Атобек дар ҳолати мастӣ қарор дошта, зимни ҳаракат ва убури пули байни маҳаллаҳои Хоруғи боло ва Бойнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Муродова Рангина, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Мурғоб, донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард — ҷавондухтари 19-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол нисбати ронанда Салимшоев Баҳром тибқи талаботи моддаи 212-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ронанда дар ҳабси пешакӣ қарор ва нисбати ҳодисаи мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *