Раиси ноҳияи Айнӣ ба дидори сегоникҳо рафт

Нашрияи ноҳиявии «Файзи Зарафшон» хабар дод, ки раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба дидори сегоникҳои моҳи июни имсол таваллудёфта рафтааст.

— Дар деҳаи Зоосуни ҷамоати деҳоти Айнӣ санаи 7-уми июни соли 2022 дар оилаи Холовҳо сегоникҳо ба дунё омаданд. Ин сегоникҳо дутояшон писар ва яктояш духтар мебошанд. Кӯдакон 2 кг 400 грамм, 2 кг 300 грамм ва 2 кг 100 грамм вазн дошта, вазъи онҳову модарашон муътадил мебошад. Субҳи имрӯз, санаи 13-уми июн раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ба дидори навзодон рафт. Раиси ноҳияро ҳамчунин сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия ва дигар фаъолон ҳамроҳӣ карданд,- менависад нашрия.

Гуфта мешавад, ки баъди муборакбодии аҳли оилаи Холовҳо аз ҷониби Муқим Муродзода ба онҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳо ва як сар гови ҷӯшоӣ тақдим карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *