Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барномаи ММКД-ро муваққатан қатъ кард
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон барномаи Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД)-ро муваққатан қатъ намудааст. Қарор пас аз баррасии даврии дархости тамдиди иҷозатномаҳо ва бо огоҳии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм гирифта шудааст.
Ба иттилои Дилбар Рузадорова, роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеа ва маркетинг, машғулиятҳои барнома то гирифтани тавзеҳоти иловагӣ қатъ карда шудаанд. Вале фаъолияти маъмурӣ ва дигар бахшҳои донишгоҳ ба ин таъсир намерасонад.
«Донишгоҳ натиҷаҳои баррасиро таҳлил карда, бо мақомоти дахлдор ҷиҳати баррасии ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва маъмурии масъала музокироти созандаро идома медиҳад. Ҳадаф ҳифзи манфиатҳои шунавандагон, омӯзгорон ва кормандон мебошад»,-гуфт номбурда.
Намояндаи донишгоҳ таъкид кард, ки қарор ба барномаҳои Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқ ва тадқиқоти илмӣ таъсир намерасонад ва онҳо мисли пештара идома хоҳанд ёфт.
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор беш аз 20 сол таҷриба дар таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа дорад. Танҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 61 ҳазор шунаванда дар соҳаҳои рушди касбӣ, соҳибкорӣ, фанҳои дақиқ, забонҳо ва технологияҳои рақамӣ малакаҳои амалиро аз худ кардаанд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки соли 2000 бо созишномаи байналмилалӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Имомати Исмоилӣ таъсис ёфтааст, ҳамкории зич бо мақомоти давлатӣ ва шарикони миллӣ ҷиҳати рушди таҳсилоти босифат ва тадқиқоти илмӣ дар минтақа пайгирӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ