Истеъфои Ҷозеф Кент дар эътироз ба ҷанг бо Эрон
Ҷозеф Кент, раиси Маркази миллии мубориза бо терроризми Амрико дар эътироз ба сиёсати низомии кишвараш алайҳи Эрон аз вазифаи худ истеъфо додааст.
Ба гуфтаи ӯ, Эрон барои Иёлоти Муттаҳида таҳдиди фаврӣ надоштааст ва оғози ин низоъ асоси қавии амниятӣ надорад. Кент рӯзи 17 март дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “X” навиштааст:
«Ман наметавонам бо виҷдони ором аз ҷанги кунунӣ бо Эрон пуштибонӣ кунам».
Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки омилҳои сиёсӣ ва фишорҳои хориҷӣ метавонанд дар ташаккули чунин қарорҳо нақш дошта бошанд.
Кент аз таҷрибаи шахсии худ дар амалиётҳои низомӣ ёдовар шуда, гуфтааст, ки борҳо ба минтақаҳои ҷангӣ фиристода шудааст. Ӯ ба марги ҳамсараш Шеннон Кент ишора кардааст, ки соли 2019 дар ҳамлаи инфиҷории гурӯҳи ДОИШ дар шаҳри Манбиҷ кушта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин таҷрибаҳо сабаб шудаанд, ки аз фиристодани насли оянда ба ҷангҳое, ки ба манфиати мардуми Амрико нестанд, пуштибонӣ накунад.
То ҳол мақомоти расмии Иёлоти Муттаҳида дар бораи ин истеъфо шарҳи расмӣ надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ