Донишманди пурормон ва дилҷӯ

Дар зиндагӣ донишмандоне ҳастанд, ки гӯшаи танҳоиро дӯст медоранду орому сокит дар олами худ ғарқанд ва парвое ба оламу одам надоранд. Баръакси ин донишмандонеро медонем, ки дорои шахсияти ҷаззоб ва дили бузургу ҳассосе буда, бо инсонҳо бештар унсу улфат доранду иҷтимоъро дӯст медоранд ва пайваста бо мардум ва дар хидмати мардум буданро мақсаду мароми ҳамешагии худ медонанд. Онҳо гӯшагирӣ ва дар маҳдудаи хос танҳо ба таҳқиқ машғул мондану аз мардум дурӣ ҷустанро намеписанданд, балки дар байни анбуҳи иҷтимоъ мунтазам ба кор машғул шуда, ҳамзамон бо ин дар корҳои таҳқиқӣ низ фаъолияти пурсамар доранд.

Яке аз ҳамин гуна донишмандони пуркору иҷтимоъӣ Пайванди Гулмуродзода буд. Мавсуф дар баробари муҳаққиқ, рӯзноманигор, публисист, омӯзгор ва таҳиягари чандин китобу маҷмуаи илмию адабӣ буданаш шахси пурҷустуҷӯ ва пурталоши миллатдӯст буданд. Он кас воқеан донишманди пайваста дар ҷустуҷӯ ва дар кори муҳимми миллатдӯстона собитқадаму кӯшо буд. Суханаш боҳарорат ва нишонрасу пурмаънӣ буд, зеро ҳадафҳои бузурги миллатдӯстона ва инсонпарварона дошт. Дар куҷое, ки кор кардааст, аз худ ёди нек бар ҷой гузоштааст.

Устод Гулмуродзода пас аз бомуваффақият ба анҷом расонидани донишгоҳ муддате дар Кумитаи телевизион ва радио кор карда, пас аз он дар Донишгоҳии давлатии Тоҷикистон чун омӯзгор ба кор мепардозад. Лаёқату кордонӣ ва маҳорати раҳбарии ӯ дар он айём зуд ба мушоҳида мерасад ва пайваста кор кардан варо то мақоми садри донишкадаи рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ мерасонад ва муддате ин масъулиятро сарбаландона ба анҷом мерасонад.

Ҳам дар масъулиятҳои роҳбарӣ ва ҳам омӯзгорӣ Пайванди Гулмуродзода ҳеч гоҳ рисолати инсонии худро фаромӯш накардаву ҳамеша пуштибони ниёзмандону корафтодагон будааст.

Ӯ дар ҷодаи заҳматписанди таҳқиқ низ бо иншои мақолаву гузоришҳои илмӣ саҳми чашмгире гузоштааст. Устод Гулмуродзода камобеш 15 китобу рисола ва 350 мақолаи илмию оммаписанд иншо кардааст. Намунаҳои осори Абдуррауфи Фитратро, ба монанди «Мунозара», «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ», «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ», «Шӯриши Восеъ», «Сайфи Исфарангӣ», «Луғати Ҳофизи Ӯбаҳӣ», «Фирдавсӣ. Замон ва муҳити ӯ», «Қойидаҳои забони тоҷик», аз Саййидризо Ализода «Маслаки мо ҳақ» ва «Сарфу наҳви забони тоҷикӣ», аз Бектош «Дар бораи забони адабии тоҷик» (дар ҳамкорӣ) ва мисли инҳоро бо сарсухани муҳаққиқона ба чоп омода ва мунташир кардааст.

Дар бораи намояндагони маъруфи адабиёти ҷадидия мақолаҳои илмӣ навишта, ҳақиқати воқеъии зиндагии онҳоро барои хонандаи тоҷик бозкушоӣ кардааст.

Дар ҷодаи рӯзноманигорӣ низ чун публисисти моҳиятшинос маҷаллаи «Гули мурод»-ро таъсис додаву дар он очерк, нақду баррасӣ ва мақолаҳои илмию публисистӣ ба табъ расонидааст. Ин маҷалла дар солҳои 90-уми асри гузашта яке аз таҷрибаҳои нахустини таъсиси маҷалла дар фазои матбуоти тоҷик ба шумор меомад ва дорои матолиби ҷолиб буд. Афзун бар ин бо талоши Гулмуродзода ва пуштибонии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзномаи «Қалам», ки вижаи донишҷӯён буд, роҳандозӣ шуд, ки навқаламону устодони донишкадаи рӯзноманигорӣ намунаҳои эҷоди худро дар он мунташир мекарданд ва он ба минбари баёни андешаҳои онҳо табдил гардида буд.

Пайванди Гулмуродзода чун омӯзгор ва роҳбари донишкада дар парвариши чандин насли рӯзноманигори ҳирфаии тоҷик саҳми бузург дошта, нозукиҳои ин пешаро ба эшон омӯзонидааст. Вай ба шогирдону роҳравони илм вижагиҳои таҳқиқро тадрис кардааст. Ҳамчунин ба унвонҷӯёну муҳаққиқони ҷавон мавзуъҳои муҳимму тозаро пешниҳод мекард, то бад-ин васила масоили мубрами рӯзгор маърифат шавад. Омӯзишу пажӯҳиши зиндагинома ва мероси ғании намояндагони адабиёти ҷадида аз ҷумлаи он мавзуъҳо мебошад. Худи ӯ мехост, ки мавзуъи докторияшро ба анҷом расонаду ба дифоъи он шарафёб гардад, аммо мутаассифона, марги нобаҳангом амонаш надод, то ба ин нияташ бирасад.

Ӯ инсони аҳли дил ва меҳрубоне буд. Бар замми корҳои зиёду муҳимми идорӣ ва таҳқиқу пажӯҳиш вақт меёфт ва ба хабаргирии аҳли илму дониш мешитофт, онҳоро ёрмандӣ мекард, намунаҳои осори ононро ба чоп мерасонд ва ҳамдаму ҳамсуҳбат ва асои дами пирии онон мешуд.

Умри мухтасаре дид, фарзандони наҷиберо тарбият кард, аз худ осори таҳқиқии арзишманде бар ҷой гузошт. Номи неке тавассути амалу рафтори хеш боқӣ гузошт, ки аз боду борони ҳодиса зудуда нахоҳад шуд. Умри Пайванди Гулмуродзода дар корҳои шоистаи фарзандонаш идома хоҳад дошт!

Ҷояш биҳишти барин бод!

Анзурати Маликзод,

пажӯҳишгар

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *