Табриз Шаҳидӣ – меъмори бозори менеҷменти ситораҳои Русия

Вақте сухан аз бонуфузтарин тоҷикони муқими Русия меравад, одатан номи соҳибкорони бузург, олимон ё шахсиятҳои ҷамъиятӣ ба ёд меояд. Аммо дар фазои фарҳанг ва шоу-бизнеси Русия шахсе ҳаст, ки нуфузи ӯ ба яке аз пӯшидаву рақобатпазиртарин соҳаҳо – бозори ҳунармандон, овозхонҳо, ҳунарпешаҳо ва чеҳраҳои маъруфи телевизионӣ паҳн шудааст. Ин шахс Табриз Шаҳидӣ мебошад.

Суннати хонаводагӣ

Табриз Шаҳидӣ зодаи шаҳри Душанбе, фарзанди бастакори маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ ва набераи поягузори мусиқии касбии тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ аст. Ӯ тавонист на танҳо суннати пурифтихори хонаводаи худро идома диҳад, балки дар самти тамоман дигар – менеҷменти ҳунармандони сатҳи аввали Русия мактаби худро бунёд намояд.

Табриз таҳсилоти олии мусиқиро дар Консерваторияи давлатии Маскав ба номи П. И. Чайковский ва Академияи олии мусиқии Вена гирифта, фаъолияти худро ҳамчун пианинонавози касбӣ оғоз кардааст. Баъдан ба журналистика рӯ оварда, дар шабакаи телевизионии «Мир», агентии иттилоотии InterMedia ва радиои «Говорит Москва» фаъолият намуд. Маҳз ҳамин солҳо барои ӯ сарчашмаи робитаҳои васеъ дар муҳити расонаӣ ва фарҳангии Русия гардиданд, ки баъдтар онҳоро ба яке аз муваффақтарин тиҷоратҳои соҳаи шоу-бизнес табдил дод.

Империяе, ки бар эътимод бунёд шудааст

Соли 2003 Табриз Шаҳидӣ агентии консертии «Империяи мусиқӣ» («Империя музыки»)-ро таъсис дод. Имрӯз ин ширкат аз бузургтарин сохторҳои бозори чорабиниҳои фарҳангӣ ва корпоративии Русия ба ҳисоб меравад. Агентӣ баргузории консертҳо, форумҳои байналмилалӣ, ҷашнҳои давлатӣ, чорабиниҳои сатҳи олӣ ва барномаҳои корпоративиро бо иштироки ситораҳои дараҷаи аввали Русия таъмин мекунад.

Худи Табриз Шаҳидӣ борҳо таъкид кардааст, ки дар касби ӯ сармояи асосӣ маблағ не, балки эътимод аст. Маҳз ҳамин эътимод аст, ки даҳҳо ситораи машҳури Русия ҷадвали консертҳо, шартномаҳо ва манфиатҳои касбии худро ба ӯ месупоранд.

Шахсе, ки ситораҳо ба ӯ такя мекунанд

Дар тӯли солҳои фаъолият Табриз Шаҳидӣ менеҷер ва намояндаи расмии даҳҳо чеҳраи машҳури фарҳанг ва расонаҳои Русия будааст.

Дар замонҳои гуногун ӯ фаъолияти ҳунарии Полина Гагарина, Григорий Лепс, Филипп Киркоров, Дима Билан, Леонид Агутин, Валерий Меладзе, Елка, Гарик Сукачёв, Николай Басков, Валерия, Стас Михайлов, Владимир Соловёв, Леонид Ярмолник, Игор Верник, Леонид Якубович, Сергей Шнуров, Алёна Свиридова, Аврора, Юлия Паршута ва бисёр чеҳраҳои дигари маъруфро ҳамоҳанг кардааст.

Дар асл, ӯ яке аз нодиртарин менеҷерони Русия мебошад, ки ҳамзамон манфиатҳои ҳунармандон, актёрон, ровиёни телевизион ва дигар шахсиятҳои шинохтаи кишварро намояндагӣ мекунад.

Шахсияти бонуфузи бозори шоу-бизнеси Русия

Дар доираҳои касбӣ Табриз Шаҳидиро шахсе медонанд, ки қариб ҳамаи бозигарони калидии шоу-бизнеси Русияро хуб мешиносад.

Ҳар сол ширкати ӯ ҳазорон чорабиниҳои сатҳҳои гуногун – аз маҳфилҳои хусусии соҳибкорони бузург то форумҳои федералӣ ва ҷашнҳои давлатиро ҳамоҳанг месозад. Бо агентии ӯ бузургтарин корпоратсияҳои Русия, мақомоти минтақаҳо, ширкатҳои пешсафи ташкилкунандаи чорабиниҳо ва муассисаҳои давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Дар яке аз мусоҳибаҳои худ Табриз Шаҳидӣ гуфтааст, ки ҳамарӯза садҳо дархост барои даъвати ҳунармандон ва ташкили чорабиниҳо мегирад ва қисми зиёди онҳо танҳо ба шарофати обрӯ ва эътибори шахсии ӯ пешниҳод мешаванд.

Нуфузе, ки бо мансаб чен карда намешавад

Табриз Шаҳидӣ ягон мақоми давлатӣ надорад ва роҳбари ягон созмони диаспораи тоҷикон дар Русия низ нест.

Аммо нуфузи воқеии ӯ аз доираи шоу-бизнес хеле фаротар меравад.

Дар тӯли беш аз бист соли фаъолият ӯ шабакаи густурдаи муносибатҳои кориро бо соҳибкорони калон, роҳбарони ширкатҳо, чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, мақомоти минтақаҳои Русия ва доираҳои фарҳангии кишвар ташаккул додааст.

Аз ҳамин ҷост, ки бисёре аз тоҷикони муқими Русия ӯро шахсе медонанд, ки метавонад дарҳои муҳити фарҳангии Русияро ба рӯйи ҳамватанон боз намояд.

Сафири фарҳанги тоҷик бидуни мақоми расмӣ

Гарчанде фаъолияти асосии Табриз Шаҳидӣ дар Русия ҷараён дорад, ӯ ҳамеша аз тоҷик будани худ ифтихор кардааст.

Ҳамчун фарзанди яке аз машҳуртарин бастакорони Тоҷикистон, ӯ пайваста мероси эҷодии сулолаи Шаҳидиёнро муаррифӣ менамояд ва имрӯз аз маъруфтарин зодагони Душанбе ба шумор меравад, ки дар фазои фарҳангии Русия ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Чаро Табриз Шаҳидӣ дар радифи бонуфузтарин тоҷикони Русия қарор дорад? Нуфузи Табриз Шаҳидӣ на аз мансаби давлатӣ ва на аз ҳаҷми дороиҳои молиявӣ сарчашма мегирад.

Сармояи воқеии ӯ эътимоди бесобиқа, обрӯи касбӣ, шабакаи васеи муносибатҳои шахсӣ ва қобилияти муттаҳид сохтани манфиатҳои ситораҳои сатҳи аввал, доираҳои соҳибкорӣ ва ташкилкунандагони бузургтарин чорабиниҳои Русия мебошад.

Дар давоми зиёда аз ду даҳсола ӯ ба яке аз пурэътибортарин менеҷерони консертии Русия табдил ёфта, номи худро ҳамчун нишонаи эътимод ва касбият дар ҷаҳони шоу-бизнеси Русия сабт кардааст. Аз ин рӯ, Табриз Шаҳидӣ сазовори ҷойгоҳ дар феҳристи бонуфузтарин тоҷикони Русия гаштааст.

(Идома дорад)

Таҳия, тарҷума ва такмили Шариф Ҳамдампур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *