Донор: Хунсупории ӯ ба саломатиаш фоида дорад

Азмиддин Қубиддинов,  табиб-трансфузиолог, мутахассиси Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии илмии хун ба саволҳои мо, ки вобаста ба манфиатҳои хун ва хунгузаронӣ буд,  чунин посух гуфт:

-Ҳамасола рӯзи 14 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун гузаронида мешавад. Имсол  ин маърака пештар гузаронида шуд. Сабаби пеш аз муҳлат гузаронидани ин рӯз дар чист?

-Сабаби пеш аз муҳлат қайд кардани ин рӯз дар он аст, ки аксари мардуми кишвари мо мусалмон ҳастанд ва моҳи шарифи Рамазон рӯзадор ҳастанд. Ба хотир он ки рӯзи 14 июн ба ин моҳ рост омад, онро аз 1 то 24 майи соли ҷорӣ гузоштем.  Дар ин маърака муассисаҳои давлатӣ, муассисаҳои тиббӣ, ҳамчунин  дигар ҳамватанонамон, ки зиёда аз  ду ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, иштирок намуданд.

-Хунсупорӣ ба инсон чӣ манфиат дорад? Оё ҳама метавонад, ки донор шавад?

-Хунсупорӣ ба инсон аҳамияти калон доранд. Анҷом додани ин амал боиси пайдоиши ҳуҷайраҳои нави хун дар организм мегардад. Вақте инсон хун месупорад, фаъолияти мубодилаи моддаҳо хуб шуда, инсонро аз бемориҳои сироятӣ ва шамолхӯрӣ эмин медорад.  Гурӯҳи одамоне, ки аз вазни зиёди бадан, фишорбаландӣ ва дигар аломатҳое, ки боиси ғафс шудани хун мегардад, азият мекашанд, метавонанд хун супоранд. Ҳамчун мутахассис ҳаминро қайд кардан мехоҳам, ки шахси хунсупор ҳисси баланди ватандӯстӣ дорад, ки мехоҳад бо хуни худ ҳаёти дигареро  наҷот диҳад. Шумораи донорҳои хун сол то сол меафзояд, ки ин ҳам аз тарғиб ва корҳои фаҳмондадиҳӣ тариқи ВАО таҳти шиорҳои “Бо хуни худ ҳаёти дигареро наҷот деҳ” ба монанди инҳо гузаронида шуд, мебошад.  Баъд аз ин маълум гашт, ки шумораи донорҳои  ихтиёрии бемузд аз 50 то 87 фоиз боло рафт. Ин нишондод дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи хуб ба шумор меравад. Илова бар ин, маркази мо дар вилоятҳо пурра бозсозӣ карда шудааст, ки бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ хуни донор пурра аз таҳлил мегузарад ва ба талаботҳои аз рӯйи меъёри стандартҳои  умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯ мешавад.  Пас аз оне ки ягон камбудӣ дар хун ёфт нашуд, онро ба шахсони бемор пешниҳод месозем.

-Киҳо донор шуда наметавонанд?

-Нафароне, ки  ҷарроҳиҳои калонро аз сар гузаронидаанду шаш моҳ аз байн нагузаштааст,  бемориҳои зардпарвин, ҳамчунин шахсоне, ки беморони ҷарроҳиҳои дилу рагҳоро аз сар гузаронидаанд. Дар баробари ин, гурӯҳи одамоне, ки маъюб ҳастанд, донор шуда  наметавонанд.

-Чаро дар  баъзе ҳолатҳо ҳангоми хунгузаронӣ аксуламал ба вуҷуд меояд?

-Ҳамчун мутахассис ҳаминро мегӯям, ки ин ҳодиса ҳатто дар давлатҳои бузург ба қайд гирифта мешавад. Мутахассисе, ки қоидаҳои хунгузарониро зина ба зина риоя мекунанд, ҳеҷ гоҳ аксуламал ба вуҷуд намеояд.

-Ба кадом гурӯҳи хун талабот бештар аст? 

-Аз он ки намуди бемориҳо зиёд ва гурӯҳи хуни  беморон низ гуногун аст, талабот ба ҳамаи гурӯҳи хун зиёд аст.

-Ҳолатҳое буданд, ки ниёзмандон хуни лозимиашонро аз марказ пайдо накарда бошанд?

-Хуни донорро  дар маркази мо ба 7 ҷузъ тақсим мекунанд. Масалан, зардоби хун, массаи тромбоситӣ, эритротсидӣ ва ғайраҳо мебошад. Норасогии ҷузъҳои хун дар тамоми ҷаҳон, ҳатто дар давлатҳои абарқудрат низ вуҷуд дорад. Чунин ҳолат дар он вақт сурат мегирад, ки якбора ба  беморхона якчанд беморон ба ҳамон гурӯҳе, ки камёфт аст, ворид мешаванд. Аз ин хотир норасогии ҳамон гурӯҳи хун ба чашм мерасад.

-Дар ин ҳолат, ки ҷони бемор дар хатар аст, чӣ чораҳо меандешед?

Дар ин ҳолат  аз рӯи усулҳое, ки дар даст дорем, ба тариқи фаврӣ ин мушкилӣ бартараф карда мешавад.

-Маводҳои доругие ҳастанд, ки беморон онро ба ҷои хун истифода баранд? 

-Дар баъзе мавридҳо гурӯҳи витаминҳо, маводҳое, ки организмро як муддат бақувват мегардонад. Дар натиҷа системаи хунтавлидкунанда  ба кор даромада, ин мушкили ҳалли худро меёбад. Лекин то ҳол ягон технологияе вуҷуд надорад, ки хун ё ҷузъҳои хунро бо таври сунъӣ  истеҳсол кунад.  Ягона  манбаи ба даст омадани ҷузъҳои хун инсон аст. Дастоварди бузурги соҳа наҷоти садҳо миллион инсонҳо дар тамоми дунё бо дастгирии донорҳои хун ба шумор меравад.

-Аксари донорҳо аз он шикоят доранд, ки вақте хун месупорем, маблағи кам пардохт мекунанд, вале хуни моро бо нархи гарон мефурӯшанд, ин дуруст аст?

Барои донорҳо дар давлатҳои дунё маблағ бар ивази хӯроки серғизо ҷудо мекунанд. Мувофиқи Қонуни ҶТ дар бораи донори хун ва ҷузъҳои он донорро бо хӯроки серғизо таъмин кардан лозим аст. Бо сабаби он, ки донор ин ё он хӯрокро намехӯрад, ба ҷояш маблағ дода мешавад. Мо дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳаи хун ва ғизо рӯйхати хӯрокҳоеро  тартиб додем, ки барои барқарор шудани хун супоридааш мусоидат мекунад. Маблағи муайян шуда, ки  на барои хун, балки барои  таъмини хӯроки серғизо пардохт карда мешавад.

-Айни ҳол дар бозорҳо ҳама маҳсулоти ғизоӣ қимат шудааст. Чӣ қадар маблағ барои хӯроки серғизо пардохт мекунед?

-Аз рӯи нархҳо чанд сол пештар муайян шудааст, ки барои хӯроки серғизо 50 сомонӣ муқаррар шуда буд ва он то ҳол идома дорад. Ин фикри шахсии ман нест, балки хулосаи мутахассисони соҳа аст. Дигар гурӯҳи донороне, ки донорони камёфт ва фаъол маҳсуб меёбанд, ба онҳо 70 сомонӣ ва онҳое, ки зардобаи хун месупоранд, 100 сомонӣ пардохт карда мешавад.

-Фосилаи байни хунсупорӣ чӣ қадар бояд бошад?

-Нафароне, ки зардобаи хун месупоранд, на камтар аз як моҳ истироҳат кунанд, донорҳое, ки хун месупоранд, на камтар аз 60 рӯз истироҳат намоянд. Дар ин муддати муайяншуда системаи хунтавлидкунандаи организм хуни супоридаро барқарор мекунад. Аслан ин система муддати як моҳ вазифаашро иҷро мекунад, вале муҳлати иловагӣ барои донор лозим аст.

-Оё оморе вуҷуд дорад, ки маҳз ба воситаи хунгузаронӣ,  беморон ба бемории дигар дучор гардида бошанд?

-Чунин ҳодисаҳо бештар дар солҳои 1990 то 2000 ба қайд гирифта мешуд. Сабаби он  набудани технологияҳои махсус ё назорати хадамотҳои махсус, ки назорати лозимиро ба роҳ намонда буданд, мебошад. Пас аз он ки дар ин самт бозсозии пурра шуд, назорати хадамоти марбута  ҷиддӣ гашт, системаҳои наве, ки ба талаботҳои стандартии умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад, ба роҳ монда шуд, ки айни ҳол ба тариқи хун ягон беморӣ сироят намеёбад. Ҳамчунин, назорати мунтазами хадамот нисбат ба маҳсулотҳое, ки барои нигоҳдорӣ ва таҳлилҳои хун гузаронида мешавад, ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.    

-Ба онҳое, ки дар оянда донор шудан мехоҳанд, чӣ тавсия медиҳед?

Ба нафароне, ки тарзи ҳаёти солимро қабул кардаанд ва сину солашон аз 18 то 65-сола ҳастанд, ба хунсупорӣ биёянд. Масофаи байни хунсупорӣ ва қонунҳои ҷойдоштаро иҷро кунанд. Чунки ин амали ӯ ҳам ба саломатии худ ва ҳам ба ҳаёти дигаре манфиат мебахшад.

Сӯҳбаторо : Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *