Достони зиндагии Баҳриддин Камолиддинов
Дар бораи профессор Баҳриддин Камолиддинов, доктори илмҳои филология ва забоншиноси тоҷик китоби наве бо номи “Аз камоли одамият то камоли илму ирфон” ба табъ расидааст.
Муаллифи ин китоб доктори илми филология, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журнлистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Меҳроб Ҷумъазода шогирди мактаби илмии профессор Баҳриддин Камолиддинов буда, асар натиҷаи солҳо ҳамнишиниву шогирдии муаллиф бо устодаш аст ва он паҳлуҳои гуногуни ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва вижагиҳои ахлоқии ин донишманди тоҷикро фаро мегирад.
Китоб аз ду бахш иборат буда, дар қисмати аввал хотираҳо ва очеркҳои тарҷумаҳолӣ дар мавриди шахсияти Камолиддинов гирд оварда шудаанд.
Қисми дуюм бошад, пажӯҳишҳои муаллифро дар бораи асарҳои илмии Баҳриддин Камолиддинов дар бар мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ