ДТТ: Аз стандартҳои миллӣ ба стандартҳои Аврупо
Байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР/IAAR) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин иқдом барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлили самтҳои илмӣ ва инноватсионӣ ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Шартномаро 12 феврали соли равон ректори донишгоҳ Зоир Раҳмонзода ва директори генералии НААР Ҷумагулова Алина Бакитҷоновна имзо карданд.
Донишгоҳ яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳамкорӣ бо НААР-ро аз соли 2019 оғоз карда, то ҳол 5 барномаҳои худ аккредитатсияи байналмилалӣ гирифтаанд. Гузаштани аккредитатсияи байналмилалӣ барои донишгоҳ имиҷ ва рақобатпазирии байналмилалиро баланд бардошта, таҳқиқоти илмиро тақвият мебахшад ва имкониятҳои ҳамкории байналмилалиро фароҳам меорад.
Барои дастёбӣ ба аккредитатсия, фаъолияти донишгоҳ ба Стандартҳо ва тавсияҳои кафолати сифати таҳсилоти олии Аврупо (ESG -European Standards and Guidelines) мутобиқ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ