Сабабҳои афзоиши ғарқшавӣ дар вилояти Хатлон
Соли 2025 дар вилояти Хатлон 71 нафар сокин ғарқ шудаанд, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2024, ки 27 ҳолат буд, ба таври назаррас афзудааст.
Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон сабаби асосии ғарқшавиро беназоратӣ ва бемасъулиятии волидон номид. Ӯ гуфт, ғарқшавӣ бештар ба оббозӣ дар ҷойҳои хавфнок, бемории рӯҳӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ рабт дорад.
Маҳмадзода афзуд, ки дар 17 ҳолат кӯдакони аз 2 то 3 сола ғарқ шудаанд, ки ин ҳолатҳо ба беназоратии падару модарон марбут аст. Ҳамчунин, ҷасади 7 нафари ғарқшуда то ҳол пайдо нагардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ