Ду медали хонандаи пойтахт дар Чемпионати ҷаҳон

Хонандаи синфи 5-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҷонона Азиззода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар ду бахш ғолиб омада, ду медали нуқра ба даст овард.

Бояд гуфт, ки Мусобиқа дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус байни варзишгарони 47 давлати дунё бо иштироки 468 варзишгар баргузор гардид. Хонандаи тоҷик дар байни довталабони 10-11-сола иштирок намуда, аз усули «техника» сазовори ҷойи 2-юм ва аз усули «спаринг» низ сазовори мақоми 2-юм гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *