Душанбе ба дави миллӣ ва дучархасаворӣ омодагӣ мегирад
17 майи соли равон дар пойтахт ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дави миллӣ ва мусобиқаи дучархасаворӣ баргузор мешавад.
Чорабиниҳо соати 07:00 оғоз шуда, аз дидбонгоҳи “Чорбоғ” то “Наврӯзгоҳ” идома меёбанд.
Иштирок барои ҳама озод буда, сабтиноми пешакӣ талаб намешавад.
Дар ҷараёни мусобиқа бархе роҳҳои мошингарди шаҳр муваққатан баста мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ