Боқӣ Раҳимзода-шоири суҳбаторо (видео)

Имрӯз, 15 май Боқӣ Раҳимзода, Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зодрӯз дорад. Ӯ 15 майи соли 1910 дар Сорбоғ, ки яке аз деҳаҳои зеботарини ноҳияи Рашт (дар гузашта Ғарм) ба ҳисоб меравад, таваллуд шудааст.

Боқӣ Раҳимзода аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомӯхт.

Боқӣ Раҳимзода аввал Техникуми педагогии шаҳри Самарқанд (1931), баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд(1938) ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо (1941) бо баҳои аъло хатм намуд.

Шеърҳои аввалинаш аз охири солҳои 30-юми асри гузашта чоп шудаанд. Ӯ миёни мардум ҳамчун шоири суҳбаторо ва маҳфилоро эҳтироми хоса дошт. Осораш лабрези ғояҳои олии ватандӯстию интернатсионалӣ, дӯстию равобити халқҳо, андешаҳои волои гуманистӣ буда, ашъори абёти гуногунаш ҳамеша вирди забони хурду калонанд.

Аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовири Иттифоки нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Боқӣ Раҳимзода 30 январи соли 1980 аз олам даргузашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *