95 млн доллар ба рушди нақлиёти барқӣ
Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи амали “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои давраи солҳои 2023-2028”-ро тасдиқ кард. Қарор дар ин бора 28-уми апрели соли 2026 ба имзо расид. Ин марҳилаи дуюми барномаи мазкур мебошад, ки нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2026-2028 дар назар дорад.
Маблағи умумии татбиқи нақша 888 миллиону 48 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки баробар ба 95 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Ҷолиб он аст, ки қариб 782 миллион сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ва танҳо 105 миллион сомонӣ аз ҷониби шарикони рушд пешбинӣ шудааст.
Чаро нақлиёти барқӣ барои Тоҷикистон муҳим аст?
Тоҷикистон аз кишварҳое ба шумор меравад, ки беш аз 90 дарсади нерӯи барқаш аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад. Аз ин рӯ, гузариш ба нақлиёти барқӣ барои кишвар танҳо масъалаи экологӣ не, балки як масъалаи иқтисодӣ низ мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон барои воридоти сӯзишворӣ маблағҳои зиёд сарф мекунад. Дар чунин шароит афзоиши шумораи мошинҳои барқӣ метавонад вобастагии кишварро аз бензину дизел коҳиш диҳад. Аз ҷониби дигар, истифодаи нерӯи барқи дохилӣ барои нақлиёт маънои онро дорад, ки маблағҳои бештар дар дохили иқтисоди миллӣ боқӣ мемонанд.
Барнома ҳамчунин ба коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ мусоидат мекунад. Шаҳри Душанбе солҳои охир бо мушкили ифлосшавии ҳаво рӯ ба рӯ аст. Электробусҳо ва электромобилҳо метавонанд сатҳи олудагии ҳаворо дар шаҳрҳо коҳиш диҳанд.
Зерсохтори асосӣ
Яке аз қисматҳои муҳими нақша бунёди инфрасохтори барқгирӣ мебошад.
Солҳои 2026-2028 дар кишвар 1100 нуқтаи нерӯдиҳӣ барои нақлиёти барқӣ сохта мешавад. Аз ин шумора:
– 555 адад дар Душанбе;
– 200 адад дар вилояти Суғд;
– 200 адад дар Хатлон;
– 110 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
– 35 адад дар ВМКБ ҷойгир хоҳанд шуд.
Барои ин ҳудуди 167 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки давлат мехоҳад шабакаи нисбатан васеи хизматрасониро пеш аз афзоиши оммавии электромобилҳо ташкил намояд. Зеро таҷрибаи кишварҳои дигар собит кардааст, ки бидуни инфрасохтори кофӣ бозори нақлиёти барқӣ рушд намекунад.
Аммо мушкил дар он аст, ки шабакаҳои барқии Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳо, ҳанӯз ҳам ба навсозӣ ниёз доранд. Дар фасли зимистон баъзе минтақаҳо бо маҳдудияти нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешаванд. Агар шумораи нақлиёти барқӣ босуръат зиёд гардад, сарбории шабакаҳо бештар хоҳад шуд. Аз ин рӯ, дар барнома масъалаи азнавсозии зеристгоҳҳо ва тақвияти инфрасохтор низ пешбинӣ шудааст.
Истеҳсоли 210 электробус
Қисмати аз ҳама гаронарзиши барнома истеҳсол ва омодасозии 210 электробус мебошад. Барои ин 714 миллиону 280 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳар сол бояд 70 электробус омода гардад.
Айни ҳол дар Душанбе 60 электробуси муосири “AKIA ULTRA” фаъолият доранд. Тибқи арзёбии баъзе мутахассисон, истифодаи онҳо нишон дод, ки нақлиёти барқӣ метавонад хароҷоти сӯзишворӣ ва таъмирро коҳиш диҳад. Айни замон арзиши хариди чунин автобусҳо нисбат ба автобусҳои маъмулӣ хеле баланд аст.
Аз ҳамин сабаб, муваффақияти лоиҳа бештар ба қобилияти ҷалби сармояи хусусӣ вобаста хоҳад буд. Ҳукумат умед дорад, ки тавассути имтиёзҳо ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ширкатҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба ин бозор ворид мешаванд.
Ҳалли масъалаи баҳсталаб
Яке аз масъалаҳои баҳсбарангез дар ҷаҳон – сарнавишти батареяҳои истифодашуда мебошад. Аккумуляторҳои нақлиёти барқӣ дорои моддаҳои кимиёвии хатарноканд ва дар сурати коркарди нодуруст метавонанд ба муҳити зист зарар расонанд.
Дар барномаи Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷудогона дода шудааст. Нақша таъсиси нуқтаҳои ҷамъоварии батареяҳои истифодашуда, ҷудо кардани қитъаҳои замин ва таҳияи технологияи безараргардонӣ ва истифодаи такрории онҳоро пешбинӣ мекунад.
Ин иқдом муҳим аст, зеро бисёре аз кишварҳои минтақа ҳанӯз низоми коркарди аккумуляторҳоро надоранд. Агар Тоҷикистон ин самтро сари вақт рушд диҳад, метавонад дар оянда ба маркази минтақавии хизматрасонӣ ва коркарди батареяҳо табдил ёбад.
Тоҷикистон ва бозори ҷаҳонии нақлиёти барқӣ
Дар солҳои охир бозори ҷаҳонии нақлиёти барқӣ босуръат рушд мекунад. Ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла истеҳсолкунандагони “BYD”, “Geely” ва дигарон ба бозорҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ доранд. Дар Душанбе аллакай ду маркази хизматрасонии “BYD Service” фаъол аст ва дар доираи барномаи нав ифтитоҳи 10 нуқтаи дигар пешбинӣ шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон инчунин ният дорад, ки бо истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳон созишномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳум имзо намояд. Агар чунин тарҳҳо амалӣ шаванд, Тоҷикистон метавонад на танҳо истеъмолкунанда, балки қисман истеҳсолкунандаи нақлиёти барқӣ дар минтақа гардад.
Д. Қодирпур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ