Хатлон: Содироти 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷа

Аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуд. Дар содироти маҳсулот Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иштирок намуд.

Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки аз аввали мавсими содирот то имрӯз бо истифода аз гузаргоҳҳои гумрукӣ аз вилояти Хатлон беш аз 3 ҳаҳору 562 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.



Бештари моҳсулоти содирот гардидаро пиёзи барвақтӣ ташкил медиҳад.
Пиёз 2 ҳазору 944 тонна, беш аз 226 тонна лаблабуи сурх, 73 тонна зардолу, 20 тонна олу, 22 тонна карам, 20 тонна сирпиёз ва 257 тонна дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Туркия ва Сурия содир шудааст.

Барои дастгирии соҳибкорону содироткунандагон раванди барасмиятдарории гумрукӣ содаву шаффоф буда, шароити мусоид барои содироти босуръати маҳсулоти кишоварзӣ фароҳам шудааст.
Ҳамчунин барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ корвони мошинҳои ҳомили маҳсулот аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамроҳӣ карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *