“Душанбенақлиётхадамотрасон”: Аз кирокашҳои ғайрирасмӣ истифода набаред

“Душанбенақлиётхадамотрасон” аз сокинон ва меҳмонони пойтахт даъват кардааст, ки аз хизматрасонии кирокашҳои ғайрирасмӣ, ки миёни мардум бо номи “10-сомонӣ” маъруфанд, истифода накунанд.

Дар изҳороти расмии ниҳод гуфта мешавад, ки ҳадафи ин тавсия таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии мусофирон ва ҳамчунин пешгирии садамаҳои нақлиётӣ мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, сокинон метавонанд дар ҳолати зарурат аз хизматрасонии таксиҳои расмӣ истифода баранд, ки рақами давлатии онҳо бо заминаи сабз ва рақами қайди иловагӣ бо заминаи зард муҷаҳҳаз аст.

Ниҳод таъкид мекунад, ки фаъолияти ширкатҳои нақлиётии шаҳри Душанбе ба талаботи муқарраршуда мутобиқ буда, воситаҳои нақлиёти онҳо аз муоинаи техникӣ гузашта, ронандагон мунтазам аз ташхиси тиббӣ мегузаранд.

Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ дар чунин воситаҳои нақлиёт дурбинҳои мушоҳидавӣ насб гардида, раванди хизматрасонӣ тавассути таҷҳизоти GPS таҳти назорат қарор дорад.

“Душанбенақлиётхадамотрасон” аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки бо риояи ин тавсияҳо дар таъмини амнияти худ саҳм гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *