Сармуҳосиб барои тасарруфи маблағҳои беморхона 11 сол зиндонӣ шуд
Суди ноҳияи Варзоб сармуҳосиби беморхонаи марказии ноҳия Бахтовар Сиддиқовро бо иттиҳоми тасарруфи маблағҳои буҷа ба 11 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Ҳукм рӯзи 6-уми март содир шудааст.
Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, номбурда дар давоми солҳои 2022–2025 бо истифода аз мақоми хизматӣ маош ва дигар пардохтҳои кормандонро барзиёд нишон дода, дар маҷмӯъ 1 миллиону 147 ҳазору 744 сомониро ба суратҳисоби худ гузаронида, тасарруф кардааст.
Ҳамзамон, ӯ бо роҳи тартиб додани ҳисоботҳои бардурӯғ аз чанд муассисаи давлатии дигар 247 ҳазору 440 сомонӣ маблағро азхуд намудааст.
Ба гуфтаи мақомот, Сиддиқов бо моддаҳои марбут ба азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, қаллобӣ ва сохтакории хидматӣ айбдор дониста шудааст.
Гуфта мешавад, ки қисми зиёди маблағҳои тасарруфшуда то ҳол ба буҷа баргардонида нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ