Тило дар Тоҷикистон арзон шуд. Аз омилҳо то тавсия ба соҳибкорон
Моҳи март барои бозори тило як давраи ғайриодӣ гардид. Дар ҳоле ки ҷаҳон дар гирдоби танишҳои сиёсӣ, бахусус дар Ховари Миёна қарор дорад, нархи тило, ки маъмулан дар чунин шароит боло меравад, баръакс поин рафт. Ин падида на танҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, балки дар Тоҷикистон низ ба таври возеҳ эҳсос шуд.
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, нархи сабикаҳои тилои ченшуда дар давоми як моҳ ба ҳисоби миёна тақрибан 14% коҳиш ёфт. Барои мисол, арзиши сабикаи 5-грамма аз 8132 сомонӣ то 7003 сомонӣ поин рафт. Ин тамоюл дар тамоми категорияҳои вазн – аз 10 то 100 грамм низ мушоҳида гардид.
Ин нишон медиҳад, ки бозори дохилии тило комилан вобаста ба равандҳои ҷаҳонӣ аст ва тағйирот дар сатҳи байналмилалӣ фавран ба нархҳои дохилӣ таъсир мерасонад.
Коршиносон поинравии ахири нархи тилоро бештар ҳамчун “тасҳеҳ” арзёбӣ мекунанд, зеро дар чанд соли охир ҳамеша болоравии босуръати нархи тило мушоҳида мешуд.
Дар ҳақиқат, агар ба солҳои охир назар андозем, мебинем, ки бозори тило давраи рушдро паси сар кардааст:
- соли 2023 – афзоиш ба андозаи 21,5%;
- соли 2024 – 25,8%;
- соли 2025 – қариб 40%;
Дар чунин шароит, коҳиши 14-дарсадӣ бештар ба як “нафаси бозор” монанд аст, на оғози як тамоюли дарозмуддати коҳиш.
Ин гуна тасҳеҳҳо дар иқтисод падидаи муқаррарӣ мебошанд. Пас аз ҳар болоравии босуръат бозор барои барқарор кардани тавозун ба поинравӣ ниёз дорад.
Аз нигоҳи классикии иқтисодӣ, тилло ҳамчун “паноҳгоҳи амн” (safe haven) шинохта мешавад. Яъне, дар замони ноустувории сиёсӣ ва иқтисодӣ сармоягузорон ба тило рӯ меоранд ва нархи он боло меравад. Аммо моҳи март ин қоида амал накард.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки якчанд омил боис шуданд, то сармоягузорон аз тило дур шаванд:
Аввал, мустаҳкам шудани доллар. Дар шароите, ки асъори амрикоӣ қавӣ мешавад, тило барои сармоягузорон камтар ҷолиб мегардад.
Дувум, болоравии босуръати нархи нафт. Дар пасманзари низоъҳо, сармоя ба бозори энержӣ равона шуд, зеро он имкони фоидаи зудтарро пешниҳод мекард.
Сеюм, интизориҳои сиёсати пуливу қарзии ИМА. Даромаднокии баланд аз дороиҳои долларӣ боис гардид, ки тилло мавқеи худро муваққатан аз даст диҳад.
Ба ибораи дигар, сармоягузорон ин дафъа тилоро канор гузошта, ба дороиҳои “фаъолтар” рӯ оварданд.
Дар Тоҷикистон нархи сабикаҳои тило мустақиман аз бозори ҷаҳонӣ вобаста аст. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши онҳоро ҳар рӯз бар асоси нархи унсияи байналмилалӣ (фиксинги Лондон) муайян мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар тағйирот дар ҷаҳон фавран ба бозори дохилӣ мерасад (1); омилҳои маҳаллӣ нақши дуюмдараҷа доранд (2); арзиши бозпасхарид низ поин рафтааст, ки нишон медиҳад, сухан танҳо дар бораи сиёсати бонк нест, балки коҳиши воқеии нархи тило дар бозори ҷаҳонӣ аст (3).
Коҳиши нархи тило дар моҳи март як падидаи ҷолиб ва то ҳадде ғайриинтизор буд. Дар ҳоле ки ҷаҳон дар ҳолати буҳрон қарор дорад, бозор роҳи дигарро интихоб кард. Ин давра бояд соҳибкорон андеша кунанд: “Оё ҳоло вақти муносиб барои харидани тило аст?”.
Д. ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ