ВМКБ ва Хатлон yақшаро 100% иҷро карданд. Дигарон чӣ?
1-уми апрел, дар рӯзи якуми мавсими баҳории даъват ба хидмати ҳарбӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва вилояти Хатлон аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд. Ҳатто шаҳри Бохтар як рӯз қабл аз оғози мавсими даъват аз иҷрои нақша иттилоъ дод.
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) яке аз аввалинҳо шуда аз иҷрои 100-фоизаи нақшаи даъват дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои худ хабар дод. Ин барои ВМКБ воқеаи нав нест. Солҳои гузашта низ ин вилоят борҳо дар рӯзи аввали маърака аз анҷоми пурраи нақша гузориш медод.
Ҳамзамон, вилояти Хатлон низ имрӯз эълон кард, ки нақшаи даъват ба таври комил иҷро шудааст. Ҷолиб он аст, ки шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилоят ҳанӯз як рӯз қабл аз оғози расмии маърака аз иҷрои нақша хабар дода буд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар як маросим ба волидайн ва омӯзгорон барои тарбияи “ҷавонмардони шуҷоъ” изҳори сипос кард.


Аз минтақаи Рашт низ гузоришҳо мерасанд, ки ноҳияи Тоҷикобод тавонистааст нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро намояд.
Ҳоло маълумоти умумӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳанӯз дастрас нест. Масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯянд, ки айни ҳол омори дақиқ дар бораи иҷрои нақша дар саросари кишвар омода нашудааст.
Ҳамчунин, маълум нест, ки вазъ дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе чӣ гуна аст ва нақша дар ин минтақаҳо то чӣ андоза иҷро шудааст.
Мақомот иҷрои босуръати нақшаро ба якчанд омил рабт медиҳанд. Аз ҷумла, онҳо аз афзоиши шумораи ихтиёриён, ҷорӣ шудани имтиёзҳо барои даъватшавандагон ва беҳтар шудани корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ ёд мекунанд.
Ба гуфтаи намояндагони давлатӣ, солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ афзуда, шароити хизмат низ тадриҷан беҳтар мешавад.
Бархе ҳам мегӯянд, ки иҷрои нақша дар рӯзҳои аввал бештар ба тағйироти қонунгузорӣ вобаста аст. Тибқи қонуни нави уҳдадориҳои ҳарбӣ, мақомот имкони ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳро дар тӯли тамоми сол доранд.
Яке аз имкониятҳое, ки дар солҳои охир ҷорӣ шудааст, адои хидмати ҳарбӣ бо пардохти маблағ мебошад. Ин навъи хизмат, ки ба шакли кӯтоҳмуддат анҷом дода мешавад, барои бархе ҷавонон ҳамчун роҳи алтернативӣ пазируфта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ