Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»
5 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҳафтуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.
Дар мусобиқа паҳлавонон аз рӯйи вазнҳои то 65 кг, 78 кг, 86 кг ва зиёда аз 86 кг миёни мардон, инчунин дар вазни то 70 кг миёни занон рақобат мекунанд. Интизор меравад, ки варзишгарони маъруф аз зиёда аз 25 давлати ҷаҳон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ сабқат намоянд.
Ҷоизаи умумии мусобиқа 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал бо 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм бо 5 ҳазор доллар ва соҳибони ҷойҳои сеюм бо 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Мусобиқа дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ