Душвориҳои нав ба муҳоҷирон
Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.
Муҳлат 15 рӯз
Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии даромад аст. Аз соли 2027 муҳоҷир бояд исбот кунад, ки маблағи бадастовардааш барои таъмини рӯзгори худ ва ҳамаи аъзои оилае, ки дар Русия зиндагӣ карда, таҳти саробонии ӯ қарор доранд, кофӣ мебошад.
Даромади муҳоҷир набояд аз ҳадди ақали зисти минтақа, бо назардошти коэффисиенти муайяншуда, камтар бошад. Яъне, ҳар қадар шумораи аъзои оилаи таҳти таъминоти муҳоҷир зиёд бошад, ҳамон қадар талабот ба ҳаҷми даромади ӯ боло меравад.
Ин тағйирот ба муҳоҷирони оиладор таалуқ дорад. Бисёре аз муҳоҷирон ҳамсар ва фарзандони худро низ ба Русия мебаранд, аммо даромади расмии онҳо барои таъмини тамоми хонавода кифоя нест. Баъди мавриди амал қарор гирифтани қонун танҳо доштани патент ё иҷозатномаи корӣ кофӣ нахоҳад буд. Муҳоҷир бояд даромади расмӣ ва андозсупории худро низ тасдиқ кунад.
Агар даромади шаҳрванди хориҷӣ аз сатҳи муқарраршуда паст бошад, муҳлати патент ё иҷозатномаи кори ӯ тамдид намешавад. Пас аз қатъ шудани амали ҳуҷҷат муҳоҷир вазифадор мешавад Русияро тарк кунад. Кӯдакони ноболиғи ӯ низ, агар асоси дигари қонунии иқомат надошта бошанд, бояд ҳамроҳаш кишварро тарк намоянд. Барои ин 15 рӯз муҳлат дода мешавад.
Муҳоҷир уҳдадор аст…
Назорати даромади муҳоҷирон танҳо ба пешниҳоди ҳуҷҷат аз ҷониби худи онҳо маҳдуд намешавад. Мақомоти андози Русия маълумоти марбут ба даромади шаҳрвандони хориҷиро барои давраҳои се, шаш, нуҳ ва дувоздаҳ моҳи тақвимӣ ба таври худкор ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод мекунанд.
Худи муҳоҷир низ ҳангоми пешниҳоди огоҳиномаи солонаи иқомат бояд маълумотнома дар бораи даромад, нусхаи эъломияи андоз ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти андоз аз даромади шахсони воқеиро пешниҳод намояд.
Ин низом барои муҳоҷироне, ки музди меҳнаташонро ғайрирасмӣ ё нақдӣ мегиранд, мушкил эҷод мекунад. Ҳатто агар муҳоҷир дар асл маблағи кофӣ ба даст орад, вале он дар шартномаи меҳнатӣ ва низоми андоз сабт нашуда бошад, мақомоти давлатӣ ин даромадро ба ҳисоб намегиранд. Аз ин рӯ, кор дар асоси шартномаи расмӣ ва нишон додани музди воқеӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Пешпардохти андоз
Талаботи мазкур ба он шаҳрвандони хориҷӣ низ дахл дорад, ки назди шахсони воқеӣ кор мекунанд. Ба ин гурӯҳ парасторон, касалбонҳо, кормандони хона, ёварони хоҷагӣ ва иҷрокунандагони корҳои дигари рӯзгор дохил мешаванд.
Хориҷиёне, ки назди шахсони воқеӣ барои эҳтиёҷоти хонаводагӣ кор мекунанд, бояд барои ҳар моҳи будубош 1700 рубл пешпардохти андоз супоранд. Барои кормандони ташкилотҳо, соҳибкорони инфиродӣ, нотариусҳо, адвокатҳо ва дигар сохторҳо маблағи асосӣ 1200 рубл боқӣ мемонад.
Душворӣ ба кӯдакон
Шароити иқомати фарзандони муҳоҷирон низ тағйир меёбад. Кӯдак танҳо то замоне метавонад дар Русия зиндагӣ кунад, ки иҷозатномаи кори падар ё модараш амал мекунад. Барои ӯ низ пардохти маблағи сабтшудаи пешакии андоз пешбинӣ шудааст.
Пас аз расидан ба синни 18-солагӣ фарзанди муҳоҷир бояд дар давоми 30 рӯз Русияро тарк кунад ё барои гирифтани патенти корӣ ариза диҳад. Ин талабот метавонад хароҷоти хонаводаҳои муҳоҷирро зиёд ва муҳоҷирати оилавиро мураккабтар созад.
Маҳдудияти алоқа
Қонунҳои нав ҳамчунин тартиби ба шаҳрвандони хориҷӣ додани симкортро сахттар мекунанд. Фурӯши симкорт бидуни сабти рамзи IMEI-и дастгоҳи мобилӣ ё бо истифода аз рамзи қалбакӣ метавонад боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ гардад.
ТАСС хабар медиҳад, ки талаботи нав аз 1-уми январи соли 2027 мавриди амал қарор мегиранд. Фақат табодули маълумот миёни мақомоти андоз ва ВКД аз 1-уми октябри соли 2026 оғоз мешавад.
О. СОҲИБЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ