Эълони озмуни мавододи беҳтарини журналистӣ

 Дар Тоҷикистон аз эълони як озмун барои журналистони тадқиқотгар Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) хабар медиҳад.
Озмун дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон” бо ҳадафи “мусоидат ҷиҳати рушди жанри тадқиқоти журналистӣ ва баланд бардоштани сатҳи таъсирнокии инъикоси мушкилоти асосӣ ва мусоидат намудан барои ҳалли он” баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар озмуни мазкур хабарнигорони матбуот, радио ва расонаҳои онлайнии Тоҷикистон имкони иштирок доранд: “Матолибе дар ин озмун қабул мегарданд, ки аз 1-уми апрели соли 2015 то 31-уми октябри соли 2016 мунташир шуда бошанд. Забони матолиби озмун – тоҷикӣ ва русӣ. Дар ин озмун муаллиф ва ҳаммуаллифон метавонанд, то се матлаби тадқиқотӣ пешниҳод кунанд”.
Маросими эълони барандаҳои озмун ва супурдани ҷоизаҳо дар Рузи байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон 10 декабри соли 2016, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Барои беҳтарин матлаби тадқиқоти журналистӣ ҷоиза 500 доллар муайян шудааст. Барои ҷойи дуввум $300 ва барои ҷойи саввум $200 тақдим мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *