Эмомалӣ Насриддинзода: Нақшаи қабули донишҷӯён ба ДМТ иҷро шуд

Нақшаи қабули довталабон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2025–2026 пурра иҷро шудааст. Дар ин бора ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода имрӯз, 1 –уми август зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар даври аввали имтиҳонҳо, ки тавассути Маркази миллии тестӣ баргузор гардид, 87 фоиз нақшаи қабул иҷро шудааст. Аммо ин нишондиҳанда ниҳоӣ нест.

«Наздик ба 87% фақат марҳилаи аввал аст. Агар довталабоне, ки тариқи квотаи президентӣ ва ихтисоси дуюм ба донишгоҳ қабул мешаванд, ба ин омор илова шаванд, иҷрои нақша ба 100% баробар хоҳад шуд. Ҳоло даври дуюми имтиҳонҳо идома дорад», – изҳор дошт Насриддинзода.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз калонтарин муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, феълан 22 ҳазору 667 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Дар донишгоҳ 1379 омӯзгор фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *