Эмомалӣ Раҳмон дар Боку бо Илҳом Алиев мулоқот кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар шаҳри Боку бо Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев вохӯрӣ анҷом дод.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шудаанд.

То ҳол ҷузъиёти бештари ин суҳбат нашр нашудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон барои иштирок дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рафтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *