84 миллион доллар барои воридоти гӯшт дар 9 моҳ

Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 21,4 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ ба маблағи тақрибан 84 миллион доллар ворид шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60,3 фоиз бештар мебошад.

Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Покистон аз ҷумлаи панҷ кишвари асосии таъминкунандаи гӯшт ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин кишвар ният дорад содироти гӯшт ва маҳсулоти шириро ба Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ афзоиш диҳад. Бо ин мақсад, дар солҳои 2026-2028 баргузории вохӯриҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари афзоиши воридот, истеҳсоли гӯшт дар дохили Тоҷикистон низ бештар шудааст. Дар ҳашт моҳи соли 2026 дар кишвар 186,6 ҳазор тонна гӯшти чорвои калону майда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 фоиз зиёд мебошад.

Бо вуҷуди афзоиши истеҳсоли дохилӣ ва воридоти гӯшт, нархи ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар ҳамоно баланд боқӣ мемонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *