Соҳибкорон дар Тоҷикистон то соли 2029 аз санҷиш озоданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони кишвар эълон кард, ки мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, барои ду соли дигар – то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад.
Сарвари давлат гуфт, ин иқдом ба мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории хурду миёна ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо роҳандозӣ мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки риояи қатъии талаботи мораторий бояд таъмин шуда, ҳама гуна санҷиш, талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ё даъвати соҳибкор ба мақомоти давлатӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ва бо асосҳои дақиқи ҳуқуқӣ сурат гирад.
«Таъкид менамоям, ки ҳифзи фаъолияти қонунии соҳибкорӣ ва пешгирии дахолати беасос вазифаи доимии мақомоти давлатӣ мебошад», – гуфт Президент.


Ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдор мониторинги риояи талаботи мораторий ва тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкориро мунтазам ба роҳ монад.
Ҳамзамон, барои субъектҳои дигари соҳибкорӣ аз 1 январи соли 2027 санҷишҳо бояд танҳо дар асоси қонун ва арзёбии хавф, бо риояи салоҳияти мақомоти санҷиш ва таъмини асоснокиву шаффофият гузаронида шаванд.
Сарвари давлат дастур дод, ки нисбат ба ҳар ҳолати дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорӣ чораҳои қонунӣ андешида шуда, ҷавобгарии шахсони мансабдори гунаҳкор таъмин гардад.
Ёдовар мешавем, ки бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025 ба ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1 январи соли 2027 мораторий эълон шуда буд. Акнун барои соҳибкории хурду миёна муҳлати он то 1 январи соли 2029 тамдид мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ