Узрхоҳии Галустян. Оё ӯ ба саволҳои “Тоҷикистон” посух медиҳад?
Михаил Галустян аз мардуми тоҷик узр хост. Навори муроҷиати ӯро 13-уми октябр роҳбари «TAS International Group» Олег Самсонов нашр кард. Ин ширкат ҳунармандро ба Душанбе даъват намуда буд.
Оё ин узрхоҳӣ муҳим буд? Гурӯҳе “бале”мегӯянд. Зеро шахсе, ки нақши образи манфии муҳоҷири тоҷикро дар намоиши телевизионӣ офаридааст ва сабабгори паст задани эътибори онҳо гаштааст, ба таври оммавӣ вокуниш нишон дод. Акнун суханони ӯро метавон ба аудиторияе пешкаш кард, ки одат кардааст дар симои тоҷик образи манфии Равшанро бинад. Аммо танҳо бо як муроҷиат наметавон тасаввуроти дар мағзи мардум реша давонидаро дар бораи як миллат тағйир дод. Натиҷаи мусбат замоне ба даст меояд, ки пас аз узрхоҳӣ барои ислоҳи ин тасвир қадамҳои амалӣ гузошта шаванд.
Худи муроҷиатнома мутолиаи амиқ мехоҳад. Галустян изҳор намуд, ки агар нақшҳои бозидааш касеро озурда бошанд, аз ин афсӯс мехӯрад. Чунин тарзи баён зиёни расонидашударо ҳамоно бе посух мегузорад. Дар матни нашршудаи муроҷиат эътирофи рӯйрост нест, ки образҳои Равшан ва Ҷамшуд тасаввуроти таҳқиромезро дар бораи тоҷикон устувор мекарданд. Ҳамчунин, ваъдаи мушаххасе барои саҳм гузоштан дар бартараф кардани ин тасаввурот дода нашудааст.
Бо вуҷуди ин, чунин иқдомро бояд қадаме ба сӯйи муколама донист, ки бахше аз ҷомеаи Тоҷикистон хостори он буд. Нодида гирифтани чунин иқдом имкон намедиҳад, ки узрхоҳӣ заминаи муколама ва ислоҳи иштибоҳ гардад. Аммо бо як узрхоҳӣ баҳси чандинсоларо поёнёфта донистан ҳанӯз барвақт аст. Ҳеҷ кас ҳақ надорад онро аз номи тамоми тоҷикон қабул кунад, бахусус аз номи онҳое, ки дар муҳоҷират таҳқиру беэҳтиромиро нисбаташон паси сар кардаанд.
Сафари Галустян тиҷоратӣ буд. «TAS International Group» ӯро ба ҳайси меҳмон ва таблиғгар даъват кард, ки он бо лоиҳаи девелоперии «Dushanbe International District» алоқаманд буд. Вокуниши ҷомеа ҳанӯз қабл аз омадани ҳунарманд ба миён омад. Баъзеҳо лағви даъвати Галустян ва узрхоҳии ӯ аз мардуми тоҷикро талаб мекарданд. Дигарон пешниҳод доштанд, ки ӯ Тоҷикистони муосирро аз наздик бинад, то тасаввураш дар бораи кишвар дигар гардад.
Ин ҳама андешарониҳо водор месозанд, ки ба таърихи «Наша Russia» рӯй оварем. Барнома дар ТНТ соли 2006 пайдо шуд. Нақши Равшанро Михаил Галустян ва нақши Ҷамшудро Валерий Магдяш мебозиданд. Норозигӣ аз ин симоҳо хеле пеш аз ин сафар пайдо шуда буд. Ҳанӯз 6-уми апрели соли 2010 Радиои Озодӣ дар бораи манъи фурӯши фиттаҳои филми «Наша Russia. Яйца судьбы» дар Тоҷикистон хабар интишор намуда буд. Намояндаи «Тоҷиккино» ин қарорро бо муҳтавои таҳқиромезаш барои мардуми тоҷик шарҳ дода буд. Баҳси кунунӣ таърихеро идома медиҳад, ки онро наметавон танҳо ба як авҷи ногаҳонии норозигӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд кард.
Дар паси ин барнома як дастаи касбӣ меистод. Бино ба иқтибоси мусоҳибаи Семён Слепаков бо Юрий Дуд, ки аз ҷониби «Sputnik» соли 2017 нашр шуда буд, ғояи аввалия ба продюсери ТНТ Александр Дулерайн тааллуқ дошт. Мағзи эҷодиро Семён Слепаков ва Гарик Мартиросян ташкил медоданд. Истеҳсолкунанда «Comedy Club Production» буд. Артур Ҷанибекян низ дар қатори продюсерҳо қарор дошт. Дар мусоҳиба бо маҷаллаи «Сеанс» Дулерайн нақл карда буд, ки фасли аввалро Максим Пежемский, фасли дуюмро Пётр Буслов ба навор гирифтаанд. Дар байни коргардонҳои лоиҳа Дмитрий Ефимович буд.
Дар феҳристи гурӯҳи наворбардорӣ муаллифон Ҷавид Қурбонови озарбойҷонӣ, Алексей Ляпоров, Гарик Мартиросян, Александр Минеев, Александр Онипко, Андрей Никифоров, Антон Колбасов, Артём Сизых, Максим Ткаченко, Артём Гончаров, Сергей Кинстлер, Максим Томяк ва Иля Романко низ зикр ёфтаанд.
Ин рӯйхати иштирокчиёни марҳалаҳои гуногуни истеҳсолот аст.
«Comedy Club Production» барномаи «Наша Russia»-ро барои шабакаи ТНТ, ки он замон ба холдинги «Газпром-медиа» тааллуқ дошт, истеҳсол мекард. Барои таҳияи филми пурраметраж ба ин ҳамкорӣ ширкати «Централ Партнершип» низ ҳамроҳ шуд. Дар ин бора Семён Слепаков дар мусоҳибааш соли 2009 дар рӯзномаи «Коммерсант» хабар додааст.
Созандагон чӣ мақсадҳоро дунбол мекарданд? Аз шарҳҳо бармеояд, ки ҳадафи онҳо пешниҳод кардани юмори муосири маъмул, ҷалби аудитория ва ба даст овардани маблағ аз ҳисоби тамошобинони зиёд ва филмнома буд. Дар бораи фармоишӣ будани ин барнома ҳеҷ маълумоте нест. Аммо набудани фармоиши сиёсии исботшуда масъалаи таъсири идеологиро аз байн намебарад. Ба назари мо, такрори симои муҳоҷири бечора ва бесавод метавонад бинандаро водор созад, ки ба коргари воқеӣ аз боло нигоҳ кунад. Вақте ки мансубияти миллӣ мағзи барномаро ташкил медиҳад, масхара аз доираи персонажи бофташуда берун мебарояд. Барномаи аз ҷиҳати тиҷоратӣ муваффақ метавонад стереотипи таҳқиромезро ҳатто бидуни супориши махсуси сиёсӣ афкорсоз кунад.
Ҳимоятгарони барнома як далел доранд, ки муаллифони он чеҳраҳои гуногуни русиро низ масхара мекарданд, на танҳо зодагони Осиёи Марказиро. Шояд. Аммо оқибатҳои чунин юмор метавонанд нобаробар бошанд. Коргари осебпазир, ки аз корфармо ва вазъияти муҳоҷиратии худ вобаста аст, нисбат ба одамоне, ки мақоми устувори ҷамъиятӣ доранд, имконияти камтари вокуниш нишон додан ба масхараро дорад.
Слепаков дар мусоҳибаи соли 2017 нияти маҳз ҷудо кардани тоҷиконро рад кард. Бино ба шарҳи ӯ, вобастагии миллӣ дар ҷараёни наворбардорӣ, ҳангоми танзим (монтаж) пайдо шуда. Ӯ бар он назар буд, ки меҳри тамошобинон ба қаҳрамонҳо афзун гашт ва он муносибатро ба муҳоҷирон беҳтар намуд. Аммо ин андеша таъсири мусбати барномаро исбот намекунад. Барои чунин хулоса муносибати тамошобинон ва таҷрибаи зиндагии худи муҳоҷирон бояд таҳқиқ мешуд.
Бинобар ин, масъулият аз як нақши ҳунарманд васеътар аст. Галустян персонажро шинохташаванда кард, муаллифон рафтори ӯро тарҳ кашиданд, продюсерҳо пахши онро ба роҳ монданд ва шабакаи телевизионӣ интишори онро таъмин кард. Узрхоҳии ҳунарпеша арзиш дорад, аммо масъулияти созандагон ва пахшкунандагони барнома низ бояд матраҳ шавад. Онҳое, ки ин образҳоро офарида, солҳо ба тамошобинон нишон додаанд, бояд паёмадҳои кори худро ошкоро арзёбӣ кунанд. Вагарна, як нафар барои кори як даста узр мепурсаду саҳми дигарон дар офаридан ва паҳн кардани ин тасвири таҳқиромез аз назар дур мемонад.
Чаро муроҷиат пас аз сафар ва бо фосилаи дуҳафтаина пайдо шуд?
Пайдарпайии рӯйдодҳо имкони чанд шарҳро ба миён меоваранд, ки:
– шиносоӣ бо кишвар метавонист ба худи Галустян таъсир расонад;
– вокуниши ҷомеа метавонист ҷавобро талаб кунад;
– созмондиҳандагон метавонистанд кӯшиш кунанд, ки зарари обрӯии худро кам кунанд.
Барои Тоҷикистон маънои мусбати ин ҳодиса пеш аз ҳама дар имконияти ба таври оммавӣ зери шубҳа гузоштани симои таҳқиромез аст. Норозигӣ беҷавоб намонд. Дар муроҷиати худ Галустян дар бораи таърих ва фарҳанги халқ, дар бораи Душанбеи муосир ва меҳмоннавозии сокинони он сухан ронд. Ин суханон метавонанд як қисми аудиторияи ӯро бо тасаввуроти дигаре дар бораи кишвар шинос кунанд. Барои он ки таъсири он назаррас бошад, муроҷиат бояд ба гӯши бинандагоне бирасад, ки ӯро асосан бо нақши Равшан мешиносанд.
Дар айни замон, пазироӣ, меҳмоннавозӣ одамонро вазифадор намекунад, ки аз даъвоҳои худ даст кашанд. Тоҷикистон метавонад меҳмонро бошарафона қабул кунад ва ҳамзамон эҳтироми шаҳрвандони худро талаб намояд. Мавҷудияти чунин гуфтугӯ низ фоидаовар аст. Ин воқеа нишон медиҳад, ки ҳам созмондиҳандагони чорабиниҳои тиҷоратӣ ва ҳам чеҳраҳои маъруф бояд шаъну шарафи миллиро эҳтиром кунанд.
Рӯзномаи «Тоҷикистон» бо як нома аз Михаил Галустян дархост намуд, ки бо ӯ мусоҳибае орояд. Мо мехоҳем зимни суҳбат назари худи ҳунармандро дар бораи нақшҳои офаридааш ва таъсири онҳо бишнавем, ҳамчунин бо андешаҳо ва нақшаҳои минбаъдааш ошно гардем. Умедворем, ки чунин гуфтугӯ ба ҳамдигарфаҳмӣ кумак мекунад ва барои идомаи муколама замина мегузорад.
Шуъбаи таҳлили ҳафтаномаи “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ