Ифтитоҳи Академияи футболи ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз
Имрӯз, 14 октябр дар ноҳияи Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фаъолият оғоз кард.
Дар маросими ифтитоҳи маҷмаа раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иштирок намуд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, маҷмааи нав дорои ду майдони футбол бо алафи сунъӣ мебошад. Яке аз онҳо болопӯшида буда, дигаре дар фазои кушод ҷойгир аст. Ин имконият медиҳад, ки машқҳои футболбозон дар шароити гуногуни обу ҳаво баргузор шаванд.

Дар дохили маҷмаа бинои маъмурӣ низ сохта шудааст, ки дорои ҷойҳои истиқоматӣ барои тарбиятгирандагон, ошхона ва толори варзишӣ мебошад. Зимни боздид Рустами Эмомалӣ бо шароити фароҳамшуда барои тамрин ва омодасозии футболбозони ҷавон шинос гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ